Инфиҷори гaз дар Душанбе 2 кушта ба ҷой гузошт (Аксҳо)

Намое аз инфиҷор дар маҳалли ҳодиса

Гуфта мешавад, яке аз қурбониёи ҳодиса шаҳрванди Эрон будааст.Тибқи иттилои шоҳидон ва афроде, ки дар ҳамсоягии маҳалли таркиш зиндагӣ мекунанд, ҳодиса бар асари таркиш дар лӯлаи интиқоли гози табиъӣ дар яке аз манозили табақаи дувуми ин бино рух додааст. Шумори афроди захмӣ ва маҷрӯҳшуда то ба ҳол маълум нест, зеро ҳеч яке аз мақомоти интизомии пойтахт ҳозир нашудааст дар ин бора иттилоъ диҳад.

Дар ҳамин ҳол мақомот эълом доштанд, ки танҳо баъди анҷоми тафтиши муқаддамотӣ ва дақиқ кардани иллати инфиҷор дар ин бора маълумот хоҳанд дод. Аммо дар ҳоли ҳозир маҳалли вуқӯъи ҳодиса аз сӯи ходимони интизомӣ ва кормандони амниятӣ таҳти муроқибат қарор гирифта, дар дохили бино, дар ҷое, ки таркиш сурат гирифтааст, гурӯҳи таҳқиқотӣ машғули омӯзиши сабабҳои инфиҷор мебошад.

Бар асари таркиш манозили се табақаи аввали бинои нуҳошёна шадидан тахриб ва барои зиндагӣ номумкин шудааст. Ҳамчунин дар саҳни ҳавлии ин бино чанд мошине ба мушоҳида расид, ки рӯи онҳо деворҳои бетонӣ фурӯ рехта буд. Як тан аз шоҳидони ҳодиса таъйид кард, ки як рӯз қабл аз сокинони ин маҳалла 10 сомонӣ маблағи гоз ҷамъоварӣ шуда ва шоми ин ҳодиса ба манозили мардум гоз интиқол гардидааст.

Ба таъйиди ҳамин манбаъ ҳодиса дар манзили иҷораи шаҳрванди эронӣ, ки дар табақаи дувуми ин бино мезистааст, рух додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун ҳувияти ин эронӣ номаълум аст.

Аксҳо аз маҳалли ҳодиса: