Генерали мустаъфӣ дар ҷинояти ҷангӣ айбдор шуд

Полиси Босния як генерали мустаъфиро боздошт кард, ки дар куштори дастаҷамъонаи 71 нафар ва ҷароҳати даҳҳо тани дигар дар рӯйдодҳои хунини соли 1995-и шаҳри Тузла айбдор мешавад. Ин минтақа дар солҳои 1992-1995 шоҳиди даргириҳои хунин будааст. Полис гуфт, ки Новак Дюкич дар минтақаи бо номи Баня Лука боздошт шуд. Правандаи ӯ ба додгоҳи ҷиноёти ҷангии Босния интиқол мешавад.