Гурҷистон: задухӯрди мухолифон бо пулис

Пулиси Гурҷистон мухолифинро бо гози ашковар пароканда мекунад, 07 ноябри 2007

Тақрибан ҳазор тан аз кормандони ҳифзи тартибот бо истифода аз гази ашковар ва калтакҳо ба парокандасозии гирдиҳамодамоии Тифлис шурӯъ карданд.

Миёни пулис ва эътирозгарон задухурд ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он, ба иттилоъи вазири тандурустии Гурҷистон Давид Ткешелашвилӣ, тақрибан 250 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористонҳо интиқол ёфтанд. 50 нафари онҳо баъди ташхис ба манзилҳои худ баргаштанд.

Пулис як гурӯҳ эътирозгарон ва раҳбарони мухолифинро боздошт кард. Яке аз онҳо – собиқ вазири ҳалли низоъҳои Гурҷистон Георгий Хаиндрава, ки бо иттиҳоми истеъмоли маводи мухаддир дастгир шуда буд, баъди чанд соат аз сӯи додгоҳи Тифлис озод карда шуд. Айни ҳол рушан нест, ки чанд тан аз фаъолони мухолифин дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд.

Саломе Зурабашвилӣ, яке аз раҳбарони мухолифин ва собиқ вазири умури хориҷаи Гурҷистон, мақомоти кишварро дар поймолсозии демократия муттаҳам намуд ва гуфт, ҳукумат бо фиристодани ҳазор корманди пулис алайҳи гуруснанишинҳо, ки миёни онҳо занҳо низ буданд, ботини худро нишон дод, ки хоси демократия нест. Ба назари ӯ, раисиҷумҳур Саакашвилӣ нишон дод, ки мустабиди болшевикист.

Парокандасозии гирдиҳамоӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки раҳбарони мухолифин мехостанд имрӯз дар канори бинои порлумони Гурҷистон шаҳраки хаймаҳо бунёд кунанд. Мири Тифлис Гиги Угулава изҳор намуд, ки шаҳрдорӣ комилан мухолифи хаймаҳо дар маркази шаҳр буд.

Айни ҳол ҳаракати нақлиёт дар маркази Тифлис, дар хиёбони Шота Руставелӣ, дубора барқарор шудааст. Ба гуфтаи мири пойтахти Гурҷистон, айни ҳол дар маркази шаҳр ва дар майдони канори порлумон, ки чанд рӯз боз гирдиҳамоӣ идома дошт, хадамоти беҳдоштӣ ба поккорӣ машғуланд.

Ва аммо ба назар мерасад, ки мухолифини ҳукумат аз намоишҳои эътирозӣ даст бардоштанӣ нестанд. Айни ҳол ҳудуди панҷ ҳазор эътирозгарон дар майдони Рике, воқеъ дар қисмати бостонии Тифлис, ҷамъ омада, чун пештара истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ, интихоботи қабл аз вақти порлумонӣ ва озод кардани маҳбусони сиёсиро талаб доранд.

Ёдовар мешавем, ки намоиши эътирозии мухолифини ҳукумати Гурҷистон рӯзи ҷумъаи гузашта шурӯъ шуда буд. Айни ҳол дар ду шаҳри дигари Гурҷистон Кутаисӣ ва Батумӣ низ гирдиҳамоии мухолифин идома дорад.