Раҳматулло Валиев, муъовини раиси ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандарови Ҳизби демократи Тоҷикистон, гуфт, ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон асосан аз намояндагони як ҳизб, яъне демократӣ-халқӣ иборатанд, аз ин хотир касе ба таъхир ва ё бархӯрди кунди онҳо ба ҳамчунин як масъалаи ҷиддӣ вокуниш нишон намедиҳад:
Оқои Валиев гуфт, қаблан аҳзоби демократ, сотсиал-демократ ва сотсиалист пешниҳодоти худро ба ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон ироа намуда буданд ва тавре дида мешавад, мақомот то ба ҳол на ба пешниҳодот ва на ба худи мушкили афзойиши нархи маводи ниёзи аввалия посухи ҷиддие надодаанд.
Рустам Назаров, муовини райиси Ҳизби иқтисодии Тоҷикистон, ки ҳизби мухолиф, аммо бо ҳукумат муросокор арзёбӣ мегардад, гуфт, ҳукумати Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳодҳои худро пешкаш кардааст, аммо парлумон дар кори худ таъхир мекунад.
Эътирози аҳзоби сиёсӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба Кумитаи молиёти кишвар андози 20-фоиза аз даромади изофа ба орду гандумро лағв кунад. Ҳаким Солиев, райиси Кумитаи молиёти Тоҷикистон гуфт, ин пешниҳодро шахсан Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, кардааст ва ӯ аз ин пешниҳод пуштибонӣ мекунад. Райиси Кумитаи молиёт афзуд, алъон ин пешниҳоди раисҷумҳур дар ниҳодаш баррасӣ мешавад ва ба гумони ғолиб пазируфта хоҳад шуд.
Исмоил Талбаков, узви парлумони Тоҷикистон интиқоди аҳзоби мухолифи давлат аз парлумонро беасос хонда, гуфт, афзойиши қимати маводи ниёзи аввалия дар парлумони кишвар, хосатан ҳангоми баррасии буҷаи соли 2008, баҳс мешавад. Вай афзуд, аъзои парлумон пешниҳод кардаанд, ки андоз аз даромади изофа лағв карда ва барои қишрҳои камбизоати ҷомиа ҷубронпулӣ пардохта шавад.
Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви парлумони Тоҷикистон гуфт, афзойиши қимати маводи ниёзи аввалия дар парлумон то ба ҳол баррасӣ нашудааст. Вай афзуд, баррасии буҷаи соли 2008 низ баъди боло рафтани нархҳо маънии худро гум кардааст, зеро вақте он таҳия мешуд, нархи маҳсулот дигар буд. Райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ин ки болоравии қимати маводи ниёзи аввалия дар бозорҳои ҷаҳонӣ баҳона оварда мешавад, як ҷониби масъала аст. Ба гуфтаи вай, омилҳои дохилии ин мушкил низ бояд аз сӯйи ҳукумат ва парлумон мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Дар ҳамин ҳол, Парвиз Муллоҷонов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, бо лағви андоз наметавон мушкили афзойиши нархҳоро ҳал кард. Вай афзуд, қабл аз ҳама ҳукумат бояд ислоҳоташро дар соҳаи кишоварзӣ ҷиддӣ бигирад. Ба назари оқои Муллоҷонов, дар ин масъала наметавон ба парлумон эътимод баст.
Коршиносон мегӯянд, пешбурди ислоҳоти ҷиддии иқтисодӣ ва заъиф сохтани сохтори ба фасод гаравидаи кишоварзӣ, тиҷорат ва молиёту андоз масъалаҳои аввалине ҳастанд, ки бояд мавриди таваҷҷӯҳи парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон қарор бигиранд ва ба назар мерасад, ин масъалаҳо ҳоло таваҷҷӯҳи мақомотро ба худ ҷалб накардаанд.