Бино бар маълумоти Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир музди якмоҳаи пахтакорон ҳатто аз маоши ҳадди ақалл (20 сомонӣ) низ камтар будааст.
Имрӯз суоли матраҳ ин аст, ки ҳаққи заҳмати кишоварзони тоҷик ба ҷайби кӣ меравад ва дар Тоҷикистон пахтакорӣ ба манфиати кист - давлат, кишоварз ё ширкатҳои фючерӣ?
Коршиносон мегӯянд, ки давлати кишвар танҳо аз андози фурӯши пахта, ки 10 дарсад муқаррар шудааст, даромад мегирад. Тоҳир Содиқов, раҳбари идораи зироати Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, мегӯяд, давлати кишвар ба ҷуз аз андози муқарраршуда аз пахтапарварӣ дигар маблағе намегирад: «Феълан натанҳо фючерҳо, балки сармоягузорон низ ба тиҷорати пахта машғул шуда, онро ба дигар давлатҳо мефурӯшанд ва танҳо андози содиротиро мепардозанду халос. Фоидаи давлат аз пахтакорӣ ҳамин андоз асту бас».
Гуфта мешавад, дар ҳоле ки дар бозорҳои хориҷи кишвар як тонна пахта ба қимати 1083 доллар фурӯхта мешавад, ширкатҳои фючерӣ (шарикони аслии тиҷоратии пахтакорон) ба хоҷагиҳои деҳқонӣ барои ҳамин миқдор пахта ҳамагӣ 200-долларӣ мепардозанд.
Раҳмон Садиров, роҳбари бахши ҳуқуқи Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон, мегӯяд, ин маблағ нокофист. Ба гуфтаи ӯ, ҳолатҳое ҳам пеш меоянд, ки ширкатҳои фючерӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ аслан пул намепардозанд. Дар ин маворид онҳо баҳона пеш меоранд, ки маблағи фурӯши пахта сарфи дарёфти маводди кимиёвӣ ва сӯзишвориву қисмҳои эҳтиётӣ шудааст. Аз дигар сӯ, нархи чунин навъи маводро ширкатҳои фючерӣ худ муайян мекунанд ва ҳеҷ ниҳоде аз болои ин кор назорат намебарад.
Коршиносон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир фоидаи аслӣ аз пахтаи тоҷик ба киса ё суратҳисоби ширкатҳои фючерӣ меравад. Яъне ҳудуди 60-70 дарсади як тона пахтае, ки бо қимати 1083 доллар ба фурӯш мерафтаст, дар ширкатҳои фючерӣ мемонад.
Гуфта мешавад, дар кишвар ҳамасола дар майдони 250 ҳазор ҳектор пахта кишт мешавад ва ҳудуди 400 ҳазор тонна пахта истеҳсол мешавад. Ба қавли коршиносон, 400 ҳазор тонна пахта бо нархи ҳазордолларӣ 400 миллион доллари амрикоӣ мешавад ва ҳудуди 40 миллион доллар насиби давлат, ҳудуди 80 миллион доллар ҳаққи кишоварзон ва ҳудуди 280 миллион доллар даромади ширкатҳои фючерии хориҷиву ватанӣ мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, бино ба иттилоъи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, хоҷагиҳои деҳқонии кишвар аз ширкатҳои фючерии Тоҷикистон бештар аз 350 миллион доллари амрикоӣ қарздор шудаанд.
Коршиносон сабаби ин вазъро дар яктарафа баста шудани шартномаҳои кишоварзон бо ширкатҳои фючерӣ, яъне фақат ба манфиати ширкатҳои фючерӣ, баста шудани шартномаҳо маънидод мекунанд.
Дар ҳамин ҳол бархе аз ширкатҳои фючерӣ, аз ҷумла «ХИМА» ва «Олими Каримзод», ҳозир нашуданд, ки роҷеъ ба мавқеъи худ ва масоили марбут ба ҳамкории онҳо бо воҳидҳои кишоварзӣ суҳбат кунанд.
Дар ҳоле ки ҳавои тирамоҳи имсола барои ҷамъоварии пахта мувофиқ омадааст, мутаххасисон аз ҳоло пешгӯӣ мекунанд, ки нақшаи пахта имсол низ ба иҷро намерасад. Зеро дар саҳро тақрибан пахта боқӣ намондааст ва миқдори мавҷуда низ дар сурати ҷамъоварии пурраи он ҳатто барои иҷрои нақша кофӣ нест.