Тоҷикистон - саҳнаи Бозии Бузурги Нав?

Баҳси ҳамкориҳои СПАД ва Созмони ҳамкориҳои Шонҳой ва ба ҳадди як созмони сиёсӣ - низомӣ густариш ёфтани созмони Шонҳой дар маҳофили коршиносӣ ва расонаҳо ҳамчунон идома дорад.

Бо вуҷуди баёнияҳои мукаррар, ки Шонҳой созмони низомӣ нахоҳад буд, хеле аз коршиносон иқдомоти ахири ду бозигари аслии ин созмон Чин ва Русияро дар ростои густариши ин созмон ба гунаи як созмони сиёсӣ ва низомӣ қобили арзёбӣ медонанд. Иқдомоте назири имзои санади ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни СПАД ва созмони Шонҳой дар Душанбе, додани имтиёз ба кишварҳои узви СПАД дар амри харидории ҷангафзорҳои тавлидоти Русия, яъне бо қимати бозори он кишвар, машқҳои муштараки нируҳои русӣ ва чинӣ, шитоб бахшидан ба тасвиби созишномаи миёни Тоҷикистон ва Русия дар заминаи истифодаи муштарак аз нируҳои низомии якдигар ва монанди ин, ба гуфтаи таҳлилгарон, намунае аз талош барои руёруӣ ба густариши нуфузи дар ҳоли афзоиши Ғарб дар таъмини амният ва суботи минтақа мебошад.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик бар ин андеша аст, ки дар ҳар сурат, як созмони сиёсӣ-низомиеро ба унвони вазнаи мутақобил дар ҳоли шакл гирифтан мебинад. Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони дигар эҳтимоли шакл гирифтани ин созмонро баъид медонанд. Ва мегӯянд, чунин санадҳои ҳусни тафоҳум миёни НАТО ва Созмони Шонҳой низ мавҷуд аст. Ва бо таваҷҷуҳ ба ихтилофе, ки миёни кишварҳои узви ин созмон дар мавридҳои мухталиф вуҷуд дорад, руи кор омадани созмони низомӣ ва сиёсиеро дар чанд даҳсолаи дигар номумкин медонанд.

Аммо бархе ҳам муътақиданд, ки таъкиди Русия ва Чин ба ояндаи чандқутбии ҷаҳон ин баҳонаро медиҳад, ки иқдомоте низ дар роҳи таъмини усули назар ва манофеъи худ амалӣ кунанд. Ва аз панҷгонаи Шонҳой то созмони ҳамкориҳо ва ахиран нахустин размоишҳои муштараки Русия ва Чин пеш рафтани ду кишвар далеле бар ин иддаост.

Аммо суоле, ки акнун посух мехоҳад ин аст, ки ин гароишот то куҷо ба суду зиёни Тоҷикистон хоҳад буд. Дар айни ҳол, бархе аз таҳлилгарон ҳам бар ин боваранд, ки дар ин моваро имкон дорад Тоҷикистон дар гарави мухолифати манофеъи дигарон бимонад. Аз як сӯ, рақобати Амрико бо Чин ва аз суи дигар Русия бо Ғарб.

Ҳикматулло Сайфуллозода - муовини раиси маркази таҳлилии «Диалог» мегуяд, ҳузури Тоҷикистон дар чунин паймони низомие метавонад муносиботи ин кишвар бо Ғарбро, ки аксари барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон тавассути бонкҳои ғарбӣ сармоягузорӣ шудааст, хатчадор кунад.

Бархе дигар аз таҳлилгарон низ мегӯянд, Тоҷикистон ба унвони як кишвари кӯчак бояд дар ин моваро ба сурати бозтаре масоил ва манофеъи худро чӣ бо Чин ва Русия ва ҳамчунин бо Ғарб матраҳ кунад ва бо чашми баста ҷониби пеш наравад. Ин идда аз таҳлилгарон мегуянд, Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба пеш омадани вазъи як мақтаи хоси замонӣ дар гароиши равобити байналмилал ниёз ба навъе бознигарии усули муносибати худ бо қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаиро дорад. То манофеи баландмуддати миллии худро битавонад таъмин кунад ва гарави рақобати ин қудратҳо нашавад.

Аммо, мегӯянд бархе дигар аз таҳлилгарон, суоле, ки боз ҳам пеш меояд ин аст, ки то куҷо ирода барои матраҳ кардани ин масоил мавҷуд аст ва то чӣ ҳад имкон ва ҷасорати матраҳ кардани он аз суи мақомоти Тоҷикистон.