Панҷ голи Тоҷикистон ва роҳхат ба даври дигар

Бозии даври нахусти сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон -2010 дар минтақаи Осиё миёни тимҳои Тоҷикистон – Бангладеш бо ҳисоби 5 – 0 ба нафъи Тоҷикистон тамом шуд. (бо аксҳо)

Қабл аз бозӣ:

Қабл аз бозӣ аксари коршиносон пирӯзиро дар ҷайби тими Тоҷикистон медонистанд. Бангладеш аз ҷониби коршиносон ва мухлисон на он тиме ба ҳисоб мерафт, ки садди роҳи Тоҷикистон барои гузаштан ба даври дуввум гардад.

Ғалабаҳои Тоҷикистон ба Бангладеш айнан дар ҳамин даври сабқати Ҷоми Ҷаҳони қаблӣ бо ҳисобҳои якгунаи 2-0 дар Дакка ва Душанбе то андозае гувоҳи он буд, ки сатҳи футболбозони тоҷик баландтар аст.

Аммо мусовӣ дар бозии аввали Ҷоми Ҷаҳони феълӣ дар Дакка то андозае барои мухлисон ғайримунтазира буд. Сабаби он мусовиро дар он медиданд, ки ҳавои Дакка боронӣ буд ва барои бозигарони тоҷик майдони лойолуд имкони истифода аз маҳорати хешро надод.

Аммо рӯзи 28 октябр ҳаво дар Душанбе офтобӣ буд. Ба истилоҳ, ҳавои футболӣ. Ва интизор мерафт, барои тамошои ин бозӣ дар ин ҳавои футболӣ шумори хеле зиёди мардум ба сӯи варзишгоҳ биёяд, зеро бозии сабқати ҷаҳонӣ, ҳарчанд интихобӣ ҳам бошад, ҳарчанд бо тиме чун Бангладеш ҳам бошад, дар Душанбе кам сурат мегирад.

Мухлисон низ зиёд омада буданд, тахминан беш аз даҳ ҳазор. Вале варзишгоҳро пур накарда буданд. Иллаташро дар огаҳии кам аз ин бозӣ тахмин мезаданд. Шояд то андозае нархи чипта ( аз 5 то 8 сомонӣ) низ таъсир гузошта буд.

Бозӣ:

Қисми аввал: Тими Тоҷикистон дар чунин ҳайъат ба майдон баромад:

Александр Муканин, Зафар Зубайдов, Наим Носиров, Субҳон Хуҷамов, Алексей Неъматов, Иброҳим Рабимов, Акмал Холматов (капитан), Хуршед Маҳмудов, Нӯъмонҷон Ҳакимов, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Ҷомихон Муҳиддинов.

Дақиқаҳои аввали қисми аввал тавре интизор мерафт, бо ҳамлаҳои Тоҷикистон оғоз шуд ва аллакай дар дақиқаи 4 футболбозони тоҷик як тӯби кунҷӣ заданд. Вале тӯби кунҷии бидуни фоида. Ду зарбаи ҷаримавии тими Тоҷикистон аз як нукта дар дақиқаҳои 12 ва 14 низ ба истилоҳ девори сунъии футболбозони бангладеширо шикаста натавонист. Дар дақиқаи 15 Фатҳулло Фатҳуллоев тӯби дуввуми кунҷии Тоҷикистонро ба сӯи дарвозаи Бангладеш ҳаво дод, аммо боз бидуни натиҷа.

Ва баъдан бозӣ то андозае ором гардид ва суръати бозӣ коҳиш ёфт, ҳарчанд тӯб ҳамоно дар нимаи майдони меҳмонон давр мезад.

Аз тарзи бозии тоҷикон дар қисми аввал дигар на мухлисон ва на шореҳони футболи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон интизории голро надоштанд ва мунтазири оғози қисми дуввум буданд.

Вале баногоҳ дар дақиқаҳои охири қисми аввал чанд ҳамлаи хатарнок дар ҷаримагоҳи Бангладеш сурат гирифт. Дар дақиқаҳои 34 ва 35 Ҷомихон Муҳиддинов ду шонси кушодани ҳисобро дошт, аммо истифода бурда натавонист. Тӯбҳои ҷаримавии капитани Тоҷикистон Акмал Холматов, ки аз фаъолтарин бозигарони бозии имрӯза буд, дар дақиқаҳои 41 ва 43 низ ноком анҷом ёфт.

Тӯби кунҷии саввуми Тоҷикистон дар дақиқаи охирини қисми аввал низ барои мухлисонаш шодӣ наовард.

Қисми аввал бидуни гол тамом шуд.

Қисми дуввум: Сармураббии тими Тоҷикистон Маҳмадҷон Ҳабибуллоев бо шурӯъ шудани қисми дуввум Алексей Неъматов ва Фатҳулло Фатҳуллоевро ба Раҳмоналӣ Баротов ва Дилшод Восиев иваз намуд. Ва маҳз ҳамин ду бозигари тозанерӯ дар рагҳои тими Тоҷикистон хуни нав ҷорӣ карданд.

Бо садо додани ҳуштаки ибтидоии довар тоҷикон ба ҳуҷум гузаштанд ва ба гирифтани тӯби кунҷӣ муваффақ гаштанд. Тӯби кунҷиро Раҳмоналӣ Баротов партоб намуд ва Нӯъмонҷон Ҳакимов сифрҳои тоблуи варзишгоҳро аз чанг раҳо кард. 1 – 0 ба нафъи Тоҷикистон дар дақиқаи 46.

Ҳанӯз доду фарёди мухлисон аз голи нахуст тамом нашуда Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 47 ҳисобро 2 – 0 намуд.

Баъд аз се дақиқаи дигар Ҷомихон Муҳиддинов ба танҳоӣ як ҳимоятгар ва дарвозабони меҳмононро фиреб дода ҳисобро 3 -0 намуд.

Ҳамин гуна, Тоҷикистон дар даҳ дақиқаи аввали қисми дуввум ба дарвозаи Бангладеш се тӯб зад.

Пирӯзи бозӣ аллакай маълум гардид. Бангладешиҳо мантиқан, ки пас аз чунин ҳисоб бояд барои гол задан мешитофтанд, вале ҳеҷ ба сӯи дарвозаи Тоҷикистон роҳ намеёфтанд.

Аммо бозигарони Тоҷикистон оромӣ надоштанд ва мухлисон низ бо кафкӯбиҳо ва доду фарёд аз онҳо голҳои бештар талаб мекарданд.

«Тоҷикистон, Тоҷикистон» садо дармедод варзишгоҳи марказӣ ва дар дақиқаи 70 зарбаи сахт ва олиҷаноби Дилшод Восиев пас аз партоби на камтар олии Раҳмоналӣ Баротов аз кунҷи рост варзишгоҳро тарконд. «Гоооооооооооооооооол....». 4 – 0.

Сармураббии ҳиндуи тими Бангладеш ду бозигари худро иваз мекунад ва самараи ин ивазҳо он шуд, ки барои аввалин бор дар ин бозӣ меҳмонон як тӯби кунҷӣ ба сӯи дарвозаи Тоҷикистон заданд.

Меҳмонон дар дақиқаҳои аввали бозӣ зуд-зуд қоидаи бозиро вайрон мекарданд. Онҳо баъзан вақт ба ҷои тӯбро задан, пои футболбозони Тоҷикистонро мезаданд. Ҳамон тавре, ки ҳимоятгари Бангладеш дар дақиқаи 75 Дилшод Восиевро дар ҷаримагоҳ зада афтонд.

Довар аз Қирғизистон Қодирбек Чинибеков бидуни таваҳҳуф ҷаримаи 11-метра таъин кард.

Нӯъмонҷон Ҳакимов ба сӯи тӯб омад ва онро ба сӯи чапи дарвоза зад, вале дарвозабони меҳмонон тӯбро баргардонд. Аммо дарвозабон тӯбро дошта натавонист ва зарбаи дафъатан Ҳакимов тӯби саввуми худро вориди дарвоза намуд. Хет-трики Ҳакимов, ки баъдан беҳтарин бозигари тими Тоҷикистон дониста шуд ва ҳисоб 5 -0.

Пас аз тӯби панҷум, Самад Шоҳзуҳуров, яке дигар аз қаҳрамонҳои августии Кореяи Ҷанубӣ ба ҷои Хуршед Маҳмудов ба майдон баромад.

Ва ҳине, ки ҳуштоки ниҳоии довар аз анҷоми бозӣ дарак дод, тӯб дар пои Шоҳзуҳуров буд ва Самад дар ҷаримагоҳи бангладешиҳо қарор дошт.

То дақоиқи охири бозӣ Тоҷикистон дар ҳуҷум буд ва кам воқеъ мешуд, ки тӯб ба нимаи майдони мизбонон гузарад.

Ҳамин гуна, Тоҷикистон бо ҳисоби 5 -0 пирӯз шуда ба даври дуввум роҳхат гирифт. Бозиҳои навбатии тими Тоҷикистон дар таърихи 8 ва 18 ноябр сурат хоҳанд гирифт. Рақиби Тоҷикистон пас аз қуръакашӣ маълум хоҳад шуд.

Пас аз бозӣ:

Пас аз бозӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ, Носирҷони Маъмурзода, ки аксҳои зиёде аз бозӣ овард, бо сармураббиҳои ҳарду тим ва беҳтарин бозигар сӯҳбатҳои вижа орост.

Сайид Найимуддин, сармураббии Бангладеш: "Тоҷикистон сабки аврупоии футбол дорад ва ин бозӣ барои мо таҷриба ва сабақи хубе хоҳад буд. Се тӯби аввал дар оғози бозӣ бачаҳои моро рӯҳан шикаст ва аз ин рӯ, дигар онҳо бозии хубе нишон дода натавонистанд, мутаассифона."

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии Тоҷикистон: "Мо мутмаин будем, ки дар ин бозӣ ғолиб меоем. Аз натиҷаи бозӣ ва аз бозии бачаҳо қаноатмандам. Ман назди худам мақсад гузоштаам, ки агар ба даври ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон роҳхат нагирем, аз даста тамоман меравам. Ҳарчанд, ин ҳарфҳо то андозае ғайриоддӣ ба гӯш расанд низ, вале ман ба нерӯи тими Тоҷикистон боварӣ дорам."

Нӯъмонҷон Ҳакимов, Тоҷикистон: "Дар бозии аввал дар Дакка низ мо қавитар будем, аммо майдон ба талабот ҷавобгӯ набуд ва ин ҷо майдони беҳтар, ки буд, мо тавонистем, маҳорати худро нишон диҳем. Ман фикр мекнуам, Тоҷикистон имкон дорад, ки дар марҳилаҳои дигар низ ғолиб ояд. Он ки дар рейтинги ФИФА кишвари мо поин рафтааст, аз сабаби он аст, ки мо кам бозӣ мекунем ва имкони ба даст овардани холҳои бештарро надорем."

ПС: Воқеан, дар ҳамин рӯз дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё миёни наврасони зери 16-сола дар Имороти Араб, Тоҷикистон бо Бангладеш (тасодуфро бинед) рақобат дорад. Дар сурати пирӯзӣ, тими наврасони Тоҷикистон низ соҳиби як роҳхат, роҳхат ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё мегардад. Сармураббии тими калонсолони Тоҷикистон Маҳмадҷон Ҳабибуллоев имрӯз пешгӯӣ кард, ки наврасон низ бо ҳисоби 5 -0 пирӯз хоҳанд шуд. Сомонаи Озодӣ шуморо аз натиҷаи он бозӣ низ хабар хоҳад кард.

Тими Тоҷикистон
Мухлисони Тоҷикистон
Ҳисоб пас аз қисми аввал 0 - 0 буд
Танҳо дар 10 дақиқаи оғози қисми дуввум бошад, тӯб се бор вориди дарвозаи Бангладеш гардид
Аммо бозигарони сафедпӯши тоҷик аз гол сер набуданд

Ҳисоб 4 - 0

Хурсандии мухлисонро ҳадду канор набуд
Барои дарвозабони Бангладеш имрӯз бебарор гузашт
Аммо дарвозабони Тоҷикистон бо ҳимоятгарони худ ба истилоҳ "шоҳмот" бозӣ мекард, яъне қариб, ки бекор буд
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ( аз чап) ҳамтои ҳиндуи худро, ки тими Банладешро тамрин медиҳад, тасалло медиҳад
Аз бозии тими Тоҷикистон сармураббӣ ва мухлисон имрӯз қаноматманд гаштанд
Аммо Нӯъмонҷон Ҳакимов, ки имрӯз "хет-трик" кард, пирӯзиҳои бештарро мехоҳад