Туркия аз нав таҳдиди ҳамла мекунад

Аз рост ба чап -- сарвазири Туркия Раҷаб Таиб Эрдуғон ва ноиби ӯ Ҷамил Чечек дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ.

Сарвазири Туркия Раҷаб Таиб Эрдуғон пас аз нокомии гуфтушунид бо ҳайъати ироқӣ гуфт, дастури ҳамла ба ҷудоихоҳони курд дар шимоли Ироқро хоҳад дод.

Ҳол он ки соате пеш аз изҳороти ӯ фармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи Туркия, генерал Яшар Бюканит изҳор кард, ки Анкара дар марвиди доир кардани амалиёти низомӣ алайҳи ошубгарони курд дар шимоли Ироқ баъди машварат бо мақомоти Иёлоти Муттаҳида тасмими ниҳоӣ хоҳад гирифт. Генерали турк афзуд, мулоқоти сарвазир Раҷаб Таиб Эрдуғон бо президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш, ки қарор аст рӯзи 5 ноябр баргузор шавад, дар тасмимгирии Анкара нақши муҳим хоҳад дошт.

Вошингтон хостори ҳалли қазия аз роҳи дипломатист. Ахиран музокироти вазири хориҷаи Туркия Алӣ Бобоҷон ва ҳамтои ироқияш Абдул Қадр Муҳаммад Ёсим дар мавриди хунсо кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи Ҳизби Коргарони Курдистон ноком анҷом ёфт. Ҳадафи музокирот ҷилавгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолии Туркия ба мавқеъҳои Ҳизби Коргарони Курдистон воқеъ дар шимоли Ироқ буд. Муҳаммад Аскарӣ - сухангӯи вазорати дифоъи Ироқ гуфт, ки ҳукумати кишвараш “барои қатъи таҳдиди Ҳизби Коргарони Курдистон пешниҳодҳои амалӣ ва мушаххас кард – аввалан, ташкили неруоҳи бисёрмиллата барои назорати марзи ду кишвар ва дувумӣ - таъсиси кумитаи муттаҳида дар вилояти Курдистони Ироқ барои ҳамоҳанг сохтани мушкилоти фаннӣ ва низомӣ”.

Вазорати хориҷаи Туркия аз талошҳои ҷониби Ироқ барои ҳалли қазия ситоиш кард ва аммо онҳоро нокофӣ хонд. Ҷамил Чечек – муовини сарвазири Туркия гуфт, ки рӯйхати аъзои Ҳизби Коргарони Курдистонро, ки бояд боздошт шаванд, дар ихтиёри мақомоти Ироқ гузоштааст. Ва аммо дар бораи он ки дар он феҳраст чанд ному насаб аст, алҳол иттилоъе мавҷуд нест. Шабакаи СNN-Turk бо ишора ба бархе аз манбаъҳо дар ҳукумати кишвар гуфтааст, ки Анкара боздошт ва истирдоди 153 узви Ҳизби коргарони Курдистонро талаб дорад. Ба иттилоъи ин шабакаи телевизионӣ, Бағдод омодагии худро барои истирдоди фақат 18 тан аз ошӯбгарони курд изҳор кардаасту халос. Ва аммо ин иттилоъро манбаъҳои мустақил ҳанӯз тасдиқ накардаанд.

Низоъ дар марзи Туркияву Ироқ баъди он доман зад, ки дар як ҳамлаи ғофилгиронаи ошӯбгарони курд дар марз бо Ироқ 12 низомии турк кушта шуда ҳашт сарбози дигар бе ному нишон ғайб заданд. Ин ҳодиса Анкараро барои тезонидани раванди таҷаммуъи неруҳо дар марз бо Ироқ ва ҳамла ба пойгоҳҳои ошубгарон дар манотиқи баладкӯҳи марз бо Ироқ таҳрик дод. Ба иттилоъи мақомоти Туркия, дар шимоли Ироқ ҳудуди 3 ҳазор мусаллаҳони Ҳизби коргарии Курдистон мустақаранд.