Нирӯгоҳи Роғун моли худӣ хоҳад шуд?

Анатолий Чубайс ахиран гуфтааст, ширкати ӯ дар бунёди Роғун саҳм хоҳад гирифт.

Мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, барномаҳои муқаддамотӣ ва омодагӣ барои азсаргирии сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун анҷом шуд.

Шарифхон Самиев раиси ширкати «Барқи тоҷик» гуфт, барои сохтмони ниругоҳи Роғун дар Қонуни буҷаи соли 2008 106 миллион сомонӣ, муодили 30 миллион долари амрикоӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Раиси ширкати Барқи тоҷик ҳамзамон таъкид кард, ба манзури идораи сохтмон Ҷамъитяи саҳомии Роғун таъсис шуда ва маблғгузорӣ тавассути ин ширкати саҳҳомӣ сурат хоҳад гирифт.

Ҷаноби Самиев гуфт, бо ширкати РАО ЕЭС-и Русия дар марвиди сармоягузории ниругоҳи Роғун музокирот дар ҷараён аст, вале то кунун пешниҳоди мушаххасе ҳосил нашудааст. Вале дар ҳар сурат гуфт Раиси Ширкати "Барқи тоҷик" саҳмияи назоратӣ ба ихтиёри ширкатҳо ва ё давлатҳои хириҷӣ, аз ҷумла Русия низ вогузор нахоҳад шуд. У афзуд ҳукумати Тоҷикистон ҳадди ақал то шаст дарсади саҳмияи ниругоҳи барқи обии Роғунро дар ихтиёри худ нигаҳ хоҳад дошт.

Сохтмони ниругоҳи Роғун дар авоили солҳои навади асри гузашта ба далели фурупошии шуравӣ ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон мутавақиф шуд. Ва талошҳои пайвастаи мақомоти Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ҷиҳати азсаргирии ин сохтмон то кунун натиҷаи матлуб надодааст. Коршинонсон мудохилаи Русияро сабаби аслии ҷалб нашудаи сармоя барои роғун медонанд.

Дар соли 2004 як ширкати русӣ бо номи РусАл бо ҳукумати Тоҷикистон барои азсаргирии ин сохтмон қарордод имзо кард, аммо бо гузашти се кореро анҷом надод ва дар ду моҳи пеш ҳукумати Тоҷикистон ба сурати якҷониба аз ин қарордод хориҷ шуд ва онро лағв кард. Барои анҷоми ин сохтмон ҳудуди 1,5 миллиард доллар сармоя ниёз аст.

Дар сурати эҳдос ин сохтмон бо 335 метр баландии сарбанд, шаш дастгоҳи тавлиди барқ бо иқтидори ҳамзамон 3 600 мегават аз бузургтарин ниругоҳҳои барқи обии минтақа хоҳад буд.

Мақомоти ширкати Барқи тоҷик инчунин гуфтанд, умеди оғози сохтмон дар рудхонаи Зарфшонро низ аз даст надода ва ба музокирот бо ҷониби Чин идома медиҳад. Сохтмони ин ниругоҳ қарор буд, тасаввути сармоягузории кишвари Чин дар моҳи марти соли равон оғоз шавад, Аммо чиниҳо ба далели мухолифтати Узбакистон ба тараҳи сохтмони ниругоҳ аз сармоягузории он сарфи назар карданд.