Ҳушдори ҳавонавардони тоҷик ба Русия

Русия гуфтааст, танҳо ба ҳавопаймоҳои сохти русӣ иҷозаи парвоз медиҳад.

Тоҷикистон ба ширкатҳои Русия ҳушдор дод, ки агар дар ду рӯзи оянда ба парвози боингҳои Тоҷикистон иҷоза дода нашавад, Душанбе чораҳои ҷавобӣ хоҳад дид.

Масъули дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии "Tajik Air" Замира Давлатова ба раиои Озодӣ гуфт, Русия парвози ҳамопаймонҳои тамғаи "Боинг"-и Тоҷикистонро манъ кардааст ва ин масъала хеле ҷиддӣ буда, ва танҳо ба ҳавопаймоҳои навъи Боинги ҳарду кишвар таалуқ дорад. Навъҳои дигари ҳавопаймоҳо мисли ТУ-134, ТУ-154, ЯК-40 ва ғайра пайваста парвоз мекунанд.

Мудири Tajik Air Ҳокимшо Тиллоев мегуяд, ахиран Тоҷикистон ба хотири навсозии ҳавопаймоҳои худ ду Боинги 737-200 харидорӣ кардааст ки дар зарфи се моҳи гузашта 144 парвоз анҷом доданд ва ҳамаи ин парвозҳо дар дохил ва Бишкеку Теҳрону Шарҷа сурат гирифтанд. Ба қавли вай, аммо Маскав бо овардани баҳонаҳои норушан парвози Боингҳои Тоҷикистон ба қаламрави Русияро ба таъхир меандозад.Ва то кунун кадом шартеро ҳам пешинҳод накардааст.

Дар ҳоли ҳозир Tajikair изҳори умедворӣ мекунад ки ин масъала ба хубй анҷом хоҳад ёфт зеро бо фарорасии фасли сармо садҳоҳазор муҳоҷирини корӣ ба Тоҷикистон бармегрданд ва ин ба суди ширкатҳои ҳавопаймоии Русия низ хоҳад буд. Аммо намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоии русия дар шаҳри Душанбе аз пеш омадани чунин масъала изҳори бехберй карданд. Онҳо мегуянд, аз баҳси боингҳо иттилоъ надоранд вале навъҳои дигари ҳавопаймоҳо, ба вижа сохти Русия пайваста парвоз доранд.

Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба хотири шароити беҳтари ҳавопаймои Боинг инсбат ба ТУ-134 ахиран ду Боингро харидорӣ намуд Зеро ба қавли Tajik Air муҳлати истифодаи навъи ТУ-134 куҳна шудааст ва ҳамчунин аз лиҳози сарфаи маводи сӯхт "Боинг" чанд маротиба беҳтар аз ТУ-134 будааст.