Озмуни барномаи Э.Маски барои донишҷён

Барномаи байналмилалии Эдмунд Маски (Muskie), ки барои хатмкунандагони макотиби олии кишварҳои дунё давраҳои 2-солаи таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳҳову донишкадаҳои Амрикоро пешниҳод мекунад, озмуни имсолаи худро оғоз кард.

Дар доираи барномаи мазкур, ки аз ҷониби ҳукумати Амрико маблағгузорӣ ва аз сӯи Шӯрои байналмилалии табодул ва таҳқиқот Айрекс амалӣ мешавад, шаҳрвандони кишварҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ имкони таҳсил дар донишгоҳҳои беш аз 45 иёлоти Амрикоро аз рӯйи ихтисосҳои иқтисодиёт, муносиботи байналмилӣ, журналистика, ҳуқуқшиносӣ, сиёсати давлатӣ ва амсоли инҳоро пайдо мекунанд.

Николас Деч, раҳбари лоиҳаҳои маърифатии Айрекс гуфт, барномаи мазкур бо ҳадафи баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони ҷавон, рушди иқтисодиёт ва ҷомеъаи демократии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.

Гуфта мешавад, донишҷӯёни барномаи Маски дар ҷараёни таҳсил ҳуқуқи кор карданро надоранд ва онҳо танҳо бо идрорпулие, ки вобаста ба макони зисташон аз 800 то 1500 долар муайян гардидааст, зиндагӣ мекунанд.

Манзура Маҳкамова, сокини шаҳри Хуҷанд ва хатмкардаи барномаи Маски, мегуяд, низоми маъорифи Амрико аз Тоҷикистон тафовути зиёд дорад ва таҳсил дар ин кишвар ба маротиб душвор аст.

Яке аз шартҳои барномаи Маски барои довталабон баъди анҷоми тахсил ба ватан баргаштан аст ва ҳатто ба хатмкардаҳои барнома то 2 сол иҷозаи сафар ба Амрико дода намешавад. Дар ҳамин ҳол Манзура мегуяд, новобаста аз мушкилоти мавҷуда аз баргаштани худ хушҳол аст, зеро донишҳои андухтаи худро барои пешрафти ҷомеъаи ватани худ сарф мекунад.

Дар доираи барномаи Маски ҳуҷҷатҳои довталабон дар дафтари Айрекс то 16 ноябри соли равон қабул карда шуда, ғолибон, ки ҳамасола то 10 нафарро ташкил медиҳанд, пас аз се давраи озмун муайян мегарданд.