Хоҳишмандон дар се давр имтиҳон месупоранд ва ғолибони барнома, ки ҳамасола беш аз 40 - 50 нафарро ташкил медиҳанд ва дар Вашингтон интихоб мегарданд, ба Амрико фиристода мешаванд. Ҳукумати Амрико куллия махориҷи сафар, зиндагӣ ва таҳсили ин хонандагонро, ки барои ҳар кадом то ба 12 000 долар мерасад, бар зиммаи худ гирифтааст. Бар илова, барномаи Флекс барои ҳар кадом аз ин хонандагон дар давоми сафар моҳона 125 доллар идрорпулӣ таъин кардааст.
Ден Стенли, ҳамоҳангсози барномаи Флекс дар Тоҷикистон мегуяд, барномаи мазкур шуруъ аз соли 1991 бо ҳадафи табодули фарҳанг ва маданият миёни наврасони ИМА ва кишварҳои собиқ СССР роҳандозӣ шудааст.
Ден Стенли мегӯяд, дар вакти интихоби довталабон донистани забони англисӣ на ҳамеша талаби асосист. Ба гуфтаи ӯ, агар довталаб ҳарчӣ назар ва андешахои фавқулоддатар дошта бошад, шонси бештари ба даст овардани ғолибиятро дар озмуни Флекс дорад. Ӯ мегӯяд, довталаб метавонад сипас дониши забони англисиаш дар урдугоҳи омӯзишие, ки ҳамасола дар Молдова созмон дода мешавад, такмил кунад.
Тавони мутобиқ сохтани худ ба муҳити нав ва малакаҳои сарварӣ, ба гуфтаи Ден Стенли, аз дигар шартҳои пирӯзӣ дар озмуни барномаи Флекс будааст.
Ситора Қосимова, хатмкардаи ин барнома мегуяд, як соли омузиш дар Амрико назар ва диди ӯро ба зиндагӣ хеле тағйир дод.
«Шароити онҳо хеле хуб аст. Масалан, дар он оилае, ки ман зиндагӣ мекардам, бо ман муносибати хуб доштанд. Ҳатто мо то ба имрӯз бо ҳам дар тамос ҳастем. Баъзан ман ба онҳо ва онҳо ба ман тӯҳфа мефиристанд. Онҳо дар бораи Тоҷикистон суолҳои зиёд доштанд. Ба хусус дар бораи фарҳанг, зиндагӣ ва иқтисоди мо бештар донистан мехостанд».
Аммо як мушкили умда барои хонандагони тоҷике, ки тибқи ин барнома ба Амрико мераванд, ба сахтӣ одат кардани онҳо ба зиндагӣ дар хонаводаи амрикоӣ ва зиёд пазмони Тоҷикистон шудани онҳо дар давоми сафари Амрико боқӣ мемонад.
Мушкили дигар барои наврасони тоҷик дониши нисбатан камтари забони англисист, ки низ вуруди осонтари онҳо ба ҷомиаи амрикоиро мушкилтар мегардонад.
Ва аммо як камбудии ин барнома ин аст, ки як соли таҳсили наврас дар Амрико баъдан дар Тоҷикистон на ҳамеша ба назар гирифта мешавад ва наврасони аз Амрико баргашта дар натиҷа аз ҳамсолони худ дар мактаб як сол ақибтар мемонанд.
Ҳамасола дар Тоҷикистон барои ширкат дар барномаи Флекс беш аз 1 500 хонанда ҳуҷҷат месупурдааст ва аммо танҳо ҳудуди 50 нафари онҳо шонси идомаи таҳсилро ба даст меоранд.
Имсол, имтиҳонот барои ширкат дар барномаи Флекс рӯзи 27 октябр соати 9 субҳ дар мактаби рақами 20 пойтахт шурӯъ мешавад. Ғолибон баъд аз се даври имтиҳон дар авохири моҳи апрел муайян мегарданд.