Аъзои Кумитаи доимӣ аз сӯи 204 узви Кумитаи Марказӣ дар поёни анҷумани 17-уми ҳизб интихоб шуданд. Раёсати Кумитаи Доимии Бюрои Сиёсиро барои панҷ соли дигар Ҳу Ҷин Тао бар ӯҳда хоҳад дошт.
У Банго - раиси парлумон ва Вен Сзябао – сарвазири Чин масъулияти ҳизбиро бо ифои маснадҳои волои давлатӣ қисмат мекунанд. Ҳамчунин Сзя Синлин - мушовири аршади порлумон, ва Ли Чанчун - раиси бахши идеологии ҳизб низ дубора дар узвияти Кумитаи доимии Бюрои сиёсӣ пазируфта шуданд.
Ва аммо гуфта мешавад, ғайриинтизор ва барои нахустин бор дар таърихи навини Ҳизби коммунисти Чин яку якбора чаҳор узви ин Кумитаи нӯҳнафарӣ табдил шуданд. Ба Кумитаи Доимӣ афроди нав - Си Ҷинпинг, раиси кумитаи ҳизб дар Шонҳой, Ли Кэтсян, раҳбари кумитаи ҳизбии устони Ляонин, Хе Госян, раҳбари бюрои ташкилии ҳизб ва Чжоу Юнкан, вазири амнияти давлатии Чин, интихоб шуданд.
Зимнан, ҷойгузини Ҳу Ҷин Тао шудани Си Ҷинпингро дар маҳофили сиёсии Чин тайид мекунанд. Гуфта мешавад, Си писари яке аз саромадони таъсиси минтақаҳои озодии иқтисодии Чин Си Жонгсун аст. Вай солҳои ахир раҳбарии созмонҳои ҳизбӣ дар вилоятҳои гуногуни Чинро бар дӯш дошт ва ахиран, баъди бо иттиҳоми фасод аз вазифа барканор шудани раҳбари ҳизбии Шонҳой Чен Лиангю, сарвари кумитаи ҳизбии ин устон таъин шуд.