Инфиҷор дар хатти лӯлаи гази вилояти Хатлон

Бар асари ин таркиш дар масири Колхозобод -- Қӯрғонтеппа, ки иллати он то ҳол пурра муайян нашудааст, ҳазорон нафар дар вилояти Хатлон аз истифодаи газ маҳрум гаштаанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа иттилоъ медиҳад, ки бар асари таркиши лӯлаи газгузари Колхозобод- Қӯрғонтеппа беш аз 100 ҳазор сокини маркази устони Хатлон (шаҳри Қӯрғонтеппа ва бархе аз сокинони ноҳияи Бохтар) аз таъминоти гази табиӣ маҳрум шудаанд.

Маҳмудҷон Хоркашев, масъули корхонаи "Қӯрғонтеппа-газ", ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки феълан ходимони ин муассиса барои бартараф намудани садама сафарбар шудаанд. Ӯ афзудааст, ки лӯлаҳои газгузар бист сол беш аз меъёр кор фармуда мешаванд, ки дар натиҷа рух додани ин гуна садамаҳоро интизор бояд шуд.

Ҳамин ақидаро Маҳмадраҷаб Мусайябов, ходими дигари идораи таъмини гази ин устон, тасдиқ кардааст.

Таркиш талафоти ҷонӣ ба бор наовардааст. Масъулон ваъда додаанд, ки интиқоли газ дар давоми ду рӯз барқарор карда мешавад.