Ба гуфтаи пажӯҳишгар, ҳарчанд то имрӯз девони сершумори Одамушшуаро ба табъ расида, вале ағлаби онҳо дорои нуқсону ғалатҳои зиёданд ва ин омил донишмандро водор сохтааст, ки муҷаддадан даст ба омода кардани девони устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ занад.
Қодири Рустам гуфт, вай ба ин кор 5 сол муқаддам оғоз карда буд ва дар ин муддат анқариб тамоми ашъори дар маъхазҳо мавҷудбудаву дарҷ гардидаро биомӯхт ва онҳоро бо ҳам муқоиса кард ва дар натиҷа чандин байт ва мисраъҳои ба устод Рӯдакӣ мутааллиқро пайдо намуд ва бар илова даҳҳо байти иштибоҳан ба девони Устоди назми форсӣ воридшударо ба соҳибонашон баргардонд.
Дар ин китоб қасоиду тағаззул, қитъа, рубоиёт, абёти пароканда ва абёти боқимонда аз маснавиҳо гирд оварда шудаанд ва таҳиягари китоб ба онҳо дар ҳаҷми беш аз 100 саҳифа тавзеҳ навиштааст. Донишманди шинохтаи тоҷик Сафар Абдулло, ки китоб таҳти назари вай чоп шудааст, бар ин аст, ки девони Рӯдакии ҳозиркардаи Қодири Рустам аз мукаммалтарин ва беҳтарин девони Устод аст.
Тавре Қодири Рустам таъкид кард, барои дар арафаи 1150 солагии поягузори адабиёти форс -тоҷик устод Абӯабдулло Рӯдакӣ рӯи чопро дидани ин китоб, ба вай чанд тан аз дӯстонаш мадад расониданд. Аз ҷумла, донишманди фозил Ҷумъабой Азизқулов, ки аз Тоҷикистон барояш матолиби марбут ба Рӯдакиро мерасонд, доктор Сафар Абдулло, ки аз Эрон китобҳои нопайдоро ба дастрасияш қарор медод ва китоб низ таҳти назари вай чоп шудааст, ва дӯсташ Абдухалил Холиқзода, ки барои чопи китоб ёрии молӣ расонидааст. Теъдоди асосии девон бо кӯмаки Баҳром Холназаров - сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристода шуд.