Густариши савдои берунии Тоҷикистон

Тиҷорати берунии Тоҷикистон дар нўҳмоҳаи соли 2007 афзоиш ёфта, 110 дарсади нақшаро ташкил додааст. Мувофиқи иттилои Хадамоти гумруки ҷумҳурū, савдои берунū дар давраи мазкур ба 2 миллиарду 809 миллион доллар баробар будааст, ки 1 миллиарду 55 миллионро содирот ва 1 миллиарду 753 миллиёнашро воридот ташкил намудааст.
Гуфта мешавад, 78 дар сади содиротро алюминий, 7,4%-ро пахта, 2 дарсадро фулузоти қиматбаҳо ва 0,2 дарсадро пусти чорво ташкил намудааст ва ин маҳсулот асосан ба Ҳулланд, Туркия, Русия ва Эрон содир карда шудааст.