Дар ҳамин ҳол идораи гумруки Панҷакент аз эҷоди мавонеъ дар воридоти таҷҳизоти фаннии корхонаи тилои «Зарафшон» аз сӯи гумруки Узбакистон изҳори нигаронӣ мекунад.
Исрофил Исмоилов, масъули идораи гумруки ноҳияи Панҷакент, мегӯяд, ахиран аз мақомоти гумруки Узбакистон дархост шудааст, ки қоидаи манъи гузарондани молу маводро аз тариқи марзи миёни ду кишвар бознигарӣ кунад. Ӯ афзуд, кормандони гумрук ва марзбонони Узбакистон чанде пеш маводди муҳим ва фанновариеро, ки барои корхонаи коркарди тилои «Зарафшон» оварда шудаанд, нагузоштаанд, ки вориди қаламрави Тоҷикистон шавад: «Чанд адад мошини корхонаи муштараки коркарди тилои «Зарафшон», ки бо молу фанноварӣ ба Тоҷикистон меомаданд ва дорои санадҳои байнулмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи гумрукӣ буданд, аз сӯи гумрукиёни Узбакистон иҷозаи интиқол дарёфт накарданд».
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти марказии гумруки Тоҷикистон аз мушкили эҷодшуда дар нуқтаҳои гумрукии Панҷакент изҳори бехабарӣ мекунад. Неъматбой Раҳматов, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки кишвар, мегӯяд, ки дар аксари маворид мушкили гумрукӣ дар марзи Узбакистон бо тақсири соҳибкорони тоҷик ба миён меояд: «Ҳар як кишвари транзитӣ қонуну қоидаҳои интиқолии худро дорад, аз ин рӯ соҳибкорони тоҷикро мебояд ҳарчи зудтар ба гузаштани ин муқаррарот омода бошанд. Аксар вақт такмил набудани ҳуҷҷатҳо, тафтишу санҷиши иловагӣ, ки аз ҷониби гумрукчиёни Узбакистон сурат мегирад, боиси нороҳативу норозигии соҳибкорон мегардад. Аммо дар маҷмӯъ, миёни мақомоти гумруки Тоҷикистону Узбакистон масоили ҳалнашаванда вуҷуд надоранд».
Ҳамзамон Хадамоти гумруки Тоҷикистон сару садоҳо дар мавриди афзудани боҷи гумрукӣ аз орду гандуми воридотиро такзиб карда мегӯяд, дар болоравии қимати орд дар бозорҳои кишвар ин хадамот ва ожонси назорати молию мубориза бо фасод дахл надоранд. Салим Шарифов, як масъули идораи танзими таъруфаҳои гумрукии хадамоти гумрук, гуфт, ки дар қиёс бо кишварҳои ҳамсояи Узбакистону Қирғизистон қимати орду гандум дар бозори Тоҷикистон арзонтар аст, аммо худи доираҳои тиҷоратӣ ба сурати сунъӣ нархи ордро боло мебаранд. Ӯ мегӯяд: «Тавлиди гандум дар ҷаҳон нисбат ба соли гузашта афзун шудааст. Ҳамзамон воридоти орду гандум ба Тоҷикистон низ дар ҳаҷми 20 миллион доллар бештар шудааст ва, тибқи ҳисоботи таҳлилии мо, аз ҳаҷми орди ворида ба кишвар ба сари ҳар як сокини Тоҷикистон то 20 килограмм рост меояд, ва бо дарназардошти орди истеҳсоли худи Тоҷикистон, мешавад гуфт, ба ҳар як сокини кишвари ҳафтмиллионнафарӣ дар як рӯз як кило орд рост меояд ва ин нишондиҳандаи қонеъкунанда аст. Фикр мекунам, болоравии нархи орд кори дасти худи соҳибкорон аст».
Оқои Шарифов гуфт, азбаски 95 дарсади орди воридотӣ моли Қазоқистон аст ва қимати орд дар он кишвар имсол ба таври бесобиқа боло рафтааст, дар бозори Тоҷикистон низ нархи орд гарон шудааст.
Дар ҳамин ҳол соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми тақрибан 75 миллион доллари амрикоӣ орду гандум ворид гардидааст.