Бозгашт баъди табъиди 8-сола

Баъди солиёни зиёд дар табъид ба сар бурдан Беназир Бҳуто, сарвазири қаблии Покистон, ниҳоят ба ватанаш баргашт.

Ҳазорон ҷонибдорони Беназир Бҳутто, сарвазири пешини Покистон, дар бузургтарин шаҳри ҷанубии кишвар Карочӣ ҷамъ омаданд, то бозгашти ӯро муборакбод гӯянд. Теъдоди ин афрод дар хиёбонҳои шаҳр бештар аз 250 ҳазор нафар буд ва ба хотири ҷилавгирӣ аз нооромиҳо ва таъмини амнияти хонум Бҳутто мақомоти Покистон тасмим гирифтанд, ки боз ҳудуди 20 ҳазор сарбоз ва корманди пулисро ба Карочӣ интиқол диҳанд.

Тибқи хабарҳо, Беназир Бҳутто, замоне, ки аз ҳавопаймо берун мешуд, ашк мерехт. Таҳдиди куштор аз сӯи «ал-Қоъида» ва хоҳиши раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф барои ба таъхир гузоштани рӯзи бозгашт ба Ватан садди роҳи ӯ нашуданд.

Дар роҳ ба Покистон хонум Бҳутто дар як нишасти хабарӣ дар Дубай (АМА) изҳор кард, ки бозгашташ дастоварди бузурги нерӯҳои демократии кишвар аст ва инҷо бахши саропо дардолудаву ғамзадаи китоби зиндагияш поён меёбад, ки аввалин сатрҳои он 11 сол пеш, баъди аз вазифаи сарвазирӣ барканор карданаш, навишта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол коршиносони маҳаллӣ ба суоле посух меҷӯянд, ки бозгашти Беназир Бҳутто то куҷо ба талошҳо барои аз байн бурдани дастаҳои «Толибон» ва мусаллаҳони дар манотиқи ғарбии ҳаммарз бо Афғонистон панаҳбурдаи «ал-Қоъида», аз ҷумла раҳбари ин созмон Усома бин Лодин, такон мебахшад?

Беназир Бҳутто, замоне, ки аз ҳавопаймо берун мешуд, ашк мерехт.

Ҳизби мардумии Покистон – Ҳизби Беназир Бҳутто – ҳамеша алайҳи терроризм ва ифротгароии мазҳабӣ садо баланд мекард. Ахиран хонум Бҳутто низ изҳор кард, ки дар сурати пазируфта шуданаш дар мақоми сарвазири Покистон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои амалиёти ҷустуҷӯи Усома бин Лодин иҷоза хоҳад дод.

Ӯ гуфтааст, «Агар мардум бо содагӣ фикр мекунанд, ки ин на ҷанги Покистон, балки ҷанги Иёлоти Муттаҳида аст, пас мо бо силоҳсолорӣ, бо тақсими давлат, бо поккориҳои қавмӣ ва паноҳандагон мувоҷеҳ хоҳем шуд. Ман умедворам ва намехоҳам, ки бо ин даҳшат рӯ ба рӯ бошем. Ва ба ҳар сурат, мо бояд аз таърих сабақҳо бардорем».

Беназир Бҳутто дар он нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфт, ки ӯ бо ифротгароии рӯ ба афзоиши Покистон дар набард хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки даргириҳо бо гурӯҳҳои ифротгаро дар манотиқи қабоилнишини Покистон, аз ҷумла дар Вазиристони шимолӣ, ба риштаи умри садҳо мусаллаҳони мухолифини ҳукумат, сарбозони артиш ва мардуми осоишта миқроз задааст. Афзоиши ифротгароӣ ва хушунат дар ин минтақа дар айни ҳол аз мушкили аслии раисҷумҳур Парвиз Мушарраф ва мояи нигаронии тақрибан 160 миллион сокинони Покистон аст.

Аз нигоҳи коршиносони маҳаллӣ, бозгашти Бҳутто ба нуфузи раисиҷумҳур низ бетаъсир нахоҳад монд. Иттиҳоди ӯ бо Парвиз Мушарраф пояи ҳимоят аз раисиҷумҳурро қавитар хоҳад кард. Моҳҳои ахир, ба вижа баъд аз амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар Масҷиди Лаъли Исломобод, нуфузи Парвиз Мушарраф дар ҷомиъа хело коҳиш ёфтааст.

Беназир Бҳутто, ки аз сӯи мақомоти Покистон дар фасод муттаҳам мешуд, 8 соли ахир дар ғурбат – дар Лондони Инглистон ва Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА) ба сар мебурд. Ва эълони афв, ки авоили ҳамин моҳ содир шуд, роҳро барои ба Ватан баргаштани ӯ ва шавҳараш Осиф Алӣ Зардарё ҳамвор кард.