Чашмаи Носир дар Бадахшон

Бино бар иттилоъи корхонаи воҳиди давлатии «Сайёҳ», маҷмаъаи Чашмаи Носир миёни мавзеъҳои таърихии Бадахшон мавриди таваҷҷуҳи ҳарчи бештари сайёҳони кишвару хориҷӣ қарор доштааст.

Он дар мавзеъи Поршневи ноҳияи Поршневи ин вилоят ҷойгир аст. Ин чашма дар байни чашмаҳои хурду бузурги вилоят мавқеъи махсусе касб кардааст. Раҳгузарони мусофир ва сайёҳони зиёд ба ин чашмаи обаш дар зимистон гарму дар тобистон сард на фақат ба хотири нӯши оби мусаффои он, балки инчунин ба хотири арҷ гузоштан ба хотири муқаддаси ҳаким Носири Хусрави қубодиёнӣ онро зиёрат мекунанд.

Мардуми ин маҳал ин чашмаро қадамгоҳи «пир Шоҳносир» медонанд ва муътақид ҳастанд, ки ин чашма ба муъҷизаи ҳакими хирад Носири Хисрави қубодиёнии балхӣ алоқаманд мебошад ва мардуми ихлосманд чашмаи мазкурро ҳатто муъҷизаи афсонавӣ меҳисобанд.

Дар ҳамин ҳол Бахтоваршоҳ Алимададшоев, фарҳангшиноси маҳаллӣ, бар ин назар аст, ки шоиру ҳакими бузург дар замони зиндагиаш аз кулли нуқоти ин минтаҳаи кӯҳистонӣ дидан карда, солҳои ахири умрашро дар ҳамин ҷо гузаронидааст ва абёту ривоёти зиёди дар Бадахшон бо номи Носири Хисрав машҳурбуда маҳз чун як рамзи густариши ғояҳои пешрафта, таълимоту маҳбубияти беназири асарҳои фалсафӣ-ирфонӣ ва маҳбубияти хоссаи ӯ то имрӯз дар байни мардуми маҳаллӣ боқӣ мондаанд. Ӯ мегӯяд, шахсияти Носири Хисрав дар байни исмоилиҳои Бадахшон аз як маҳбубияти хоссае бархурдор буда, мардум ӯро на танҳо ҳамчун як шоир ва ҳакиму файласуфи барҷаста, балки ҳатто чун пири мазҳабии худ медонанд.

Бахтоваршоҳ Алимададшоев гуфт, ки, ҳарчанд феълан аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардани воқеъияти пайдоиши ин чашма тавассути Носири Хисрав душвор аст, вале, ба ҳар ҳол, он як рамзест – рамзи муҳаббат ва эътиқоди хоссаи халқ ба таълимоти фалсафиву мазҳабии ин ҳакими бузург.

Дар атрофи ин чашма чинорҳои бузург қомат афрохтаанд ва мардум бар инанд, ки онҳоро дар вақташ маҳз Носири Хисрав ё, ба шеваи онҳо, «Шоҳносири Хисрав» шинонидааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки барои ошомидани об гирдогирди чашма косаҳои сафолини зиёде мавҷуд буда, дар девори шафати он абёти баргузидаи ин шоиру ҳакими бузург бо як ишқу муҳаббати махсус ҳаккокӣ шудааст. Дар он ҳамчунин як байти маъруфи Ҳофизи Шерозӣ ҳаккоки гардидааст, ки хеле рамзист:

Дар ин равоқи забарчад навиштаанд ба зар,
Ки: «ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд».

Инро ҳам бояд тазаккур дод, ки ба маҷмаъаи Чашмаи Носир инчунин клуб, китобхона, маркази фарҳангиву фароғатӣ ва як мактаби мусиқӣ шомил буда, ба ифтихори ин шоиру мутафаккири бузурги тоҷик дар назди чашма ҳайкали ӯ аз мармари бадахшонӣ чун рамзи гиромидошти шахсияташ аз тарафи наслҳои баъдӣ гузошта шудааст.