Футболи лигаи олии Тоҷикистон

Бозиҳои даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ бар дастаи «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 2:0 пирӯз шуд. «ХИМА»-и Душанбе низ меҳмони худ дастаи «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби 4:0 мағлуб сохт. Дастаи «Вахш» дар Қӯрғонтеппа CSKA «Помир»-и Душанберо бо натиҷаи 2:0 шикаст дод.

Бад-ин тартиб, «Регар»-ТадАЗ бо 39 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Парвоз» (ноҳияи Б. Ғафуров) бо 36 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки футболбозони шаҳри Турсунзода 2 бозӣ камтар анҷом додаанд. «Вахш» бо 30 имтиёз аз 16 дидор дар зинаи севуми ҷадвали мусобиқот ҷой гирифтааст. Намояндаи дигари шаҳри Қӯрғонтеппа – «Тоҷиктелеком» бо 27 имтиёз (аз 16 бозӣ) дар радифи 4-ум мавқеъ дорад.

«Хуҷанд» бо 25 имтиёз (аз 15 дидор) дар ҷои 6-ум мебошад.

Ҳамин тариқ, дар бозиҳои боқимонда дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Парвоз» барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ ва дастаҳои «ХИМА», «Вахш», «Тоҷиктелеком» ва «Хуҷанд» барои ба даст овардани медалҳои биринҷии мусоб