Расман гуфта мешавад, ҳадаф аз сафари ӯ ба Қӯрғонтеппа ширкат дар ҷамъомади фаъолон, ки ба натоиҷи рушди иҷтимоъӣ ва иқтисодии вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли ҷорӣ бахшида шудааст, мебошад.
Ба қавли дафтари иттилоъотии раҳбари давлат, қабл аз ин, 14-уми октябр, Э. Раҳмон бо рафти корҳо ҷиҳати барқарорсозии анорзорҳои Норак шинос гардид. Вай ҳамчунин бо рафти иҷрои супоришҳои порсолааш дар боғи 45-ҳектории анори канори деҳаи Далдахӯрон ошно гардид.
Дар ҳамин ҳол имрӯз роҳҳои Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ки аз он корвони мошинҳои, ба истилоҳ, президентӣ мегузашт, барои ҳаракати тамоми нақлиёти шаҳрӣ баста гардид. «Ман як соат боз дар ҳамин ҷо дар интизори нақлиётам, - шикоят мекунад як марди 40-45-сола. – На маршрутка ҳаст, на ҳатто «Тангем» - кай мешавад, номаълум. Дақиқан ин саҳар ҳам ба кор дер мерасам. Маро чанд бор огоҳӣ дода буданд – агар аз ҳамин кор ҳам ронанд, бо чи аҳли байтамро мехӯронам?..»
"Мо ҳам акнун аз кор дер мекунем, – ба суҳбати сарироҳии мо ҳамроҳ мешавад як зани солманд. – Ман як пешниҳод дорам: Майлаш, ошаш шавад, барои сафарҳояш як чархбол гираду лекин ин мардуми коргарро саргардон накунад, охир». Як ҷавони донишҷӯ арз кард, акнун ҳатман ӯ камаш аз ду дарс дер мекунад ва ҳақиқати ҳолро гуфтани ӯ аслан диди устодонро мулоим нахоҳад карду ӯро лозим меояд, ки онҳоро «розӣ» кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки баъди ду рӯзи иди Фитр имрӯз ҳам бозорҳои калонтарини пойтахт «Саховат» ва «Корвон», ки дар масири сафари раисиҷумҳур воқеъ гардидаанд, ғайримунтазираи тоҷирону муштариёнашон таътил шудаанд.