Масоили ҳукми эъдом ва ҳабси абад дар Тоҷикистон

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, дар қонуни кайфарии cобиқ Тоҷикистони Шӯравӣ нахуст ҳукми эъдом ё ҳукми қатл дар 44 банд пешбинӣ мегардид, вале пас аз ислоҳи он дар соли 1998 бандҳои ин қонун то 16 модда коҳиш ёфт.

Вакилони порлумони Тоҷикистон иҷрои ҳукми эъдомро дар соли 2005 ба ҷазои ҳабси абад ё 25 соли зиндон иваз карданд. Ҳамакнун, тибқи қонуни ҷазоии кишвар, афроде, ки ба куштор, таҷовуз ба номус, терроризм, наслкушӣ ва харобсозии муҳити зист гунаҳкор дониста мешаванд, ба ҷои ҳукми қатл бояд 25 солро пушти панҷара паси сар кунанд.

Абдуқаюм Юсуфов, як вакили мудофеъ, ба ин нукта ишора мекунад, ки то замони ба таъвиқ афтодани ҳукми эъдом аз ҷониби порлумони Тоҷикистон дар амалисозии ин навъи ҷазо аз силоҳи оташфишон истифода мешуд ва аҷсоди эъдомшудагон ба пайвандонашон дода намешуд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Созмони милали муттаҳид борҳо аз Тоҷикистон хоста буд, то аз ин таҷриба даст бардорад ва ҷасади қатлшудагонро ба пайвандони ӯ баргардонад ва ё ҷои дафнашонро барояшон муайян кунад. А. Юсуфов мегӯяд, аммо дақиқ нест, ки ҳоло бо ҷасади афроди ба ҳукми абад маҳкумшуда дар зиндонҳо чи кор мекарда бошанд: «Дар Шӯравии собиқ ин амал чунин сурат мегтртфт: дар бораи иҷрои қатл ба хешу табори муттаҳам маълумотнома ирсол мегардид. Аммо дар ҳамин ҳол қонунгузорӣ иҷоза намедод, ки баъди ин ҷасад ба хешовандони мақтул баргардонида шавад. Вале дар мавриди тақдири минбаъдаи зиндониёни маҳкумшуда ба ҳабси абад маълумоти дақиқе вуҷуд надорад. Ман танҳо гуфта метавонам, ки феълан, агар дар маҳбас касе сабабе вафот кунад, ҷасади ӯ ба пайвандонаш дода мешавад».

Ин ҳам дар ҳолест, ки, ҳарчанд мақомот дар ин бора намехоҳанд суҳбат кунанд, вале ҳамоно дар Тоҷикистон барои ба ҳабси абадӣ маҳкумшудагон мавҷуд набудани зиндони вижаро тасдиқ мекунанд. Аз ин лиҳоз, мавзӯъи боқӣ мондан ё лағви муҷозоти ҳукми эъдом аз қонунгузории Тоҷикистон бештари коршиносонро нигарон кардааст.

Ойниҳол Бобоназарова, раъиси созмони ғайридавлатии «Перспектива+», мегӯяд, беш аз ду сол мешавад, ки порлумон дар нисбати ҷазои ҳукми эъдом моротория ё таҳрим эълом кардааст ва ҳоло фурсати хубест, ки мақоми қонунгузор ва давлати Тоҷикистон ҳукми эъдомро куллан лағв намоянд: «Қадами аввал – моротория буд ва акнун бояд қадами дувумро гузорем. Маълум аст, ки Туркманистон ҳукми қатлро пурра бекор кард ва Узбакистон ҳам қарор кардааст дар моҳи январи соли 2008 ин ҳукмро лағв кунад. Вақте ҳукми қатлро дар Тоҷикистон манъ карданд, таҳлилҳои баъдӣ нишон доданд, ки ҷиноёти вазнин зиёд нашудааст. Аз ин рӯ, ҳукми эъдомро бояд комилан лағв бикунанд, на ин ки таҳрим. Чаро таҳрим ва то кай?»

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз вакилони порлумони Тоҷикистон замони лағви ҳукми эъдом аз қонуни кайфарии кишварро дер намедонанд.

Бар асоси гузориши созмони «Amnesty International» («Афви байнулмилал»), дар ҳоле ки дар тӯли солҳои 1998 – 2003 дар Тоҷикистон беш аз 162 ҷинояткор ба эъдом маҳкум гардид, ки аз ин миён танҳо 10 нафар аз ҷониби раиси ҷумҳур афв шуданд.

Бо ин ҳама, Паёми Фурӯғӣ, масъули ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе, ба таъвиқ афтодани ҳукми эъдомро як гоми давлати Тоҷикистон дар роҳи рушди демукросӣ арзёбӣ мекунад. Вале оқои Фурӯғӣ мегӯяд, ки бо ин ҳама эшон имкони дидорбинӣ бо маҳбусони якумраро надоштаанд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, лағви ҷазои эъдом барои риояти ҳуқуқ ва таъмини озодиҳои шаҳрвандӣ ва мувофиқ кардани муқарарроти қонуни кайфарии кишвар ба меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар сурат гирифтааст.