Ӯ шаби 8-уми октябр баъди як мусоҳибаи телевизионии худ раҳо шуд, ки дар он куллия иттиҳомоти зидди президенти кишвар Михаил Саакашвилӣ кардаашро рад карда гуфтааст, ки танҳо ба хотири беобрӯ кардани раиси ҷумҳурӣ даст ба чунин иттиҳомот задааст.
Моҷаро аз он сар зад, ки собиқ муттафиқи тундлаҳни Саакашвилӣ, вазире, ки аз ӯ чун аз як «мудиру вазири беҳтарини ҳукумат ва ташкилотчии хуб» ном бурда мешуд, Саакашвилиро дар амри куштори як соҳибкор муттаҳам кард.
Вале баъд, зимни радди иттиҳомоташ дар як навори видеоӣ, Окруашвилӣ бисёр хаставу нороҳат менамуд. Як мақоме аз додситонии кулл аз ӯ роҷеъ ба амри куштори соҳбикори маъруф Бадрӣ Патаркатсишвилӣ ва эҳтимоли сиёсӣ будани марги нахуствазири собиқ Зураб Жвания суол кард, ки феврали соли 2005 бо эҳтимоли заҳролудшавӣ аз гази табиъӣ дар манзилаш даргузашт. Инчунин аз ӯ пурсида шуд, ки то куҷо иддаъоҳои вай роҷеъ ба фасодзада будани Михаил Саакашвилӣ ва кӯшишҳои вай барои бадном кардани калисои ортодокси Гурҷистон асос дорад.
Окруашвилӣ ба ҳамаи ин саволҳо мустақиму мушаххас посух дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки изҳороти вай дар рӯзи эълони таъсиси ҳизби нави мухолифин комилан беасос буд ва танҳо ҳадафҳои сиёсиро дунбол мекард: «Изҳороти мазкур ба хотири гирифтани манофеъи сиёсӣ ва барои касби як мақоми муносиби сиёсӣ буд. Ҳар сари чанд вақт ман бо соҳибкор Патаркатсишвилӣ ҳам дар Тифлис ва ҳам дар хориҷа мулоқот кардаам ва изҳороти марбут ба куштори вай ба хотири дастёбии ӯ ба манофеи сиёсӣ сурат гирифт. Ин чунин маъно ҳам дорад, ки ман бояд барои фаъолиятҳои сиёсии худ аз телевизиони Патаркатсишвилӣ кумак мегирифтам. Дар мулоқотҳоям ман ӯро дар ҷараёни барномаҳои сиёсии худ мегузоштам».
Баъди иттиҳомоти зидди раиси ҷумҳурӣ кардааш Ираклий Окруашвилиро ду рӯз боздошт карданд. Додситонӣ гуфт, ки замони фаъолияташ ба унвони вазири дифоъ (аз декабри соли 2004 то ноябри 2006) вай ришвахориву тамаъҷӯӣ карда, инчунин аз чаҳорчӯби салоҳиятҳои худ баромадааст.
Муовини додситони кулли Гурҷистон Ника Гварамиа эълон кард, ки Окруашвилӣ баъди 10 рӯзи буду бошаш дар боздоштгоҳи муваққат, розӣ шуд бо муфаттишон кор кунад ва барои озодшавиаш миқдори ғайримунтазираи гаравпулӣ – беш аз панҷу ним миллилон доллар – пардохт кардааст.
Эка Беселиа, вакили дифоъи Окруашвилӣ гуфтааст, ки ӯро нагузоштанд зимни бозпурсӣ ҳамроҳи шахси мавриди ҳимояташ бошад, ва, ба эҳтимоли зиёд, баёноти вай таҳти фишор дода шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар навори видеоии дирӯз шом намоишдодашуда, Ираклий Окруашвилӣ розӣ шудааст, ки дар ҳузури вакили аз ҷониби додситонӣ таъйиншуда баёнот диҳад.
Гуфта мешавад, ки Ираклий Окруашвилӣ то замони аз мақоми вазирӣ рафтанаш яке аз муттафиқони деринаи Саакашвилӣ буд. Иттиҳомоти аз забони вай садодаву боздошташ ин ҷумҳурии собиқ шӯравиро бо як таниши ҷиддии сиёсӣ рӯбарӯ кард, ки ҳамсони онро ҷомиъаи Гурҷистон аз замони инқилоби садбаргии соли 2003 шоҳид нашуда буд.
Имрӯз баъзе аз сиёсатмадорони ҳукумати Гурҷистон иддаъо доранд, ки Ираклий Окруашвилӣ баъди раҳо шудан аз боздоштгоҳ қаламрави кишварро тарк кардааст, вакили мудофеъи ӯ Эка Беселиа дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ҳамин ҳоло бо ҷаноби Окруашвилӣ дар манзилаш дар Тбилисӣ суҳбат кардааст.