Ихтилофи назари Амрикову Русия роҷеъ ба Косово

Дар СММ Русияву Амрико роҷеъ ба масъалаи Косово ба тавофуқ нарасиданд. Залмай Халилзод-намояндаи Амрико дар СММ аз ҷонибҳои музокираи Косово хост, ки то 10-уми декабр сарнавишти ояндаи Косоворо таъйин кунанд. Вай афзуд, дар ҳолати таъхир вазъ дар вилояти Сербистон метавонад муташшанниҷ шавад. Аммо Виталий Чуркин-намояндаи Русия дар СММ аз ҷонибҳои музокира хост, ки гуфтушунудҳоро то поёни ҳалли масъала идома диҳанд. Амрико Русия ва Иттиҳодияи Аврупо талош доранд байни албаниҳову ҳукумати Сербистон миёнҷигарӣ кунанд.