Қурбон Расулов, вакили Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон субҳи имрӯз, 9 октябр ба хок супорида шуд. Ӯ шоми дирӯз, 8 октябр, дар хонаи худ дар шаҳри Душанбе пас аз маризии дароз аз дунё даргузашт. Иллати марги ӯ саратони меъда номида шудааст.
Қурбон Расулов дар Маҷлиси намояндагон узви Кумитаи илму фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон буд. Ӯ доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳо буд ва замоне Донишгоҳи омӯзгориро низ сарварӣ кардааст.
Қурбон Расулов 60 сол дошт.