Афсари қочоқбар ба 20 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон як афсари аршади Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Шариф Тӯраевро, ки дар қочоқи маводди мухаддир ва дузанагӣ муттаҳам мешуд, ба мӯҳлати беш аз 20 сол равонаи зиндон кард.

Қозии мурофиаи додгоҳӣ зимни эълони ҳукм гуфт, тибқи қонуни афв, ки тобистони имсол ба тасвиб расид, аз чаҳор як ҳиссаи мӯҳлати маҳрумият аз озодии Шариф Тӯраев кам карда шуд.

Собиқ масъули хадамоти муҳофизаи вазорати дохила, бо гузашти чанд моҳ аз мавриди пайгарди қонунӣ қарор доштанаш, дар моҳи июли соли равон аз сӯйи мақомоти амниятии кишвар боздошт шудааст. Мақомоти тафтишоти муайян кардаанд, қабл аз боздошти ӯ, ниҳодҳои интизомӣ се шаҳрванди дигарро, ки бо фармоиши Шариф Тӯраев наздики 53 килограмм ҳероин ва 145 кило афюнро аз Душанбе ба Хуҷанд, шимоли Тоҷикистон интиқол медоданд, дастгир намудаанд. Ба ҷуз ин, Шариф Тӯраев хилофи қонунгузории Тоҷикистон, бо ду зан дар як вақт хонадорӣ карда ва бо онҳо соҳиби 13 фарзанд будааст.

Дар ҳамин ҳол Иброҳим Кимсанов, вакили дифоъи Шариф Тӯраев бо ҳукми мухолиф буда, мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташ зери фишори мақомот иқрор кардааст, ки дар қочоқи маводди мухаддир даст дорад. Вай гуфт, ки аз болои ин ҳукм шикоят хоҳад бурд.

Додгоҳ ҳамчунин моликияти Шариф Тӯраевро мусодира кард. Акнун ҳашт сабукрави тамғаи хориҷӣ ва тарабхонаи мӯҳташами мавсум ба «Клеопатра» дар шаҳри Душанбе, ба моликияти давлат хоҳад гузашт.

Аммо афсари собиқи вазорати умури дохила, тибқи ҳукми додгоҳ се соли аввал дар маҳбаси умумӣ ва баъдан дар зиндони низомаш шадид нигаҳдорӣ хоҳад шуд.