Сарони қабилаҳои як деҳаи ҳиндувон дар шимоли шарқии Аргентина тасмим гирифтанд, ки барои ду моҳ ҷавононро аз зери таъсири тамаддун берун кунанд.
Бар тибқи ин тасмим, ба деҳаи Форт Мбороре овардани машрубот манъ шудааст ва дар ҳамин ҳол ҷавонони то 20-сола низ ба тарк кардани деҳа иҷоза надоранд.
Ба гуфтаи раҳбари қабилаи гуаранӣ, дар ҳоли ҳозир ҷавонони ин қабила ҳарчи бештар урфу одатҳои мардуми сафедпӯстро қабул мекунанд ва аз маросиму урфҳои бостонии худ дур мешаванд.
Дар ҳамин ҳол 70 нафар аз ихтиёриён деҳаро таҳти назорати қатъӣ қарор додаанд, то нафаре аз ҷавонон Форт Мборореро тарк накунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан теъдоди мардуми муқимӣ дар Аргентина кам боқӣ мондааст ва онҳо аслан дар шимоли кишвар дар ҳоли фақр ба сар бурда, ба тадриҷ забон ва урфу одатҳои худро гум мекунанд.