Оё давлати Тоҷикистон заминҳои ба истилоҳ президентиро аз мардум бозпас мегирад? 12 соли қабл раиси ҷумҳури Тоҷикистон амр карда буд, 75 ҳазор гектар замин барои мардуми ниёзманд тақсим карда шавад, то ба ин тартиб мизони нодорӣ дар кишвар коҳиш ёбад.
Имрӯзҳо миёни сокинони Тоҷикистон сару садоҳое ба шиддат паҳн мешаванд, ки гӯё қисме аз заминҳои ба истилоҳ президентиро давлат аз мардум бозпас мегирад ва худаш дар он гандум мекорад, то мушкили камбуди ғаллаву ордро аз миён барад. Бори нахуст соли 1995 раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амр дода буд, то 50 ҳазор ҳектор ва дар соли 1996 иловатан дар мавриди тақсими 25 ҳазор ҳектор замин барои мардуми ниёзманд тақсим карда шавад, то ба ин тартиб мизони нодорӣ дар кишвар коҳиш ёбад. Дар ин солҳо тибқи арзёбиҳои муқаддамотии иқтисоддонон, гуруснагӣ ва камбуди ғаллаву маводди хӯрока таҳдид мекард ва давлат ягона илоҷи корро дар тақсими замин ба кишоварзон медид. Ва аммо имрӯз давлати Тоҷикистон мегӯяд, мизони нодорӣ дар ин кишвар дар қиёс бо соли 1995 ба сурати назаррас поин омада ва зери хатти 50 дар сад қарор гирифтааст. Вале дар ҳоле ки тайи чанд моҳи ахир камбуди шадиди орду гандум дар кишвар эҳсос мешавад, оё дуруст аст, ки давлат тасмим дорад, акнун заминҳои президентиро бозпас бигирад ва худаш дар он гандум бикорад?
Ахиран раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи ҳукуматӣ ба мақомоти зирабт амр кард, то таҳқиқ бикунанд ва заминҳои президентиеро, ки дар ду соли ахир мавриди истифода қарор нагирифтаанд, дубора ба давлат баргардонанд. Холмат Холбоев, намояндаи шӯъбаи кишоварзию заминдории Дастгоҳи раёсати ҷумҳур ба радиои Озодӣ гуфт, эҳтимол ҳамин хабар боиси паҳн шудани ҳар гуна сару садоҳоя дар мавриди бозпас гирифтани заминҳои президентӣ аз деҳқонон шуда бошад. Ҳоло ба гуфтаи оқои Холматов, як кумиссиюни вижаи ҳукуматӣ таъсис дода шудааст, то ин ниҳод заминҳои ба истилоҳ президентии тақсимшударо мавриди омӯзиш қарор дода, мушаххас бояд бикунад, ки онҳо ба чӣ мақсад истифода мешаванд ва замине, ки дар он кишту кор анҷом дода намешавад, аз моликонаш мусодира хоҳад шуд.
Вале ин масъала ба назар чунин мерасад, ки паҳлӯҳои дигари манфӣ ҳам доштааст. Масалан, дар Хатлон мавориди ришватситонӣ барои таҳияи санадҳои замини президентӣ ба мушоҳада расидаанд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, мушкили дарёфти ҳуҷҷати лозим барои қитъаи замин онҳоро хаставу беҳол кардааст, аммо мақомоти ин устон мегӯянд, суди иқтисодӣ аз заминҳои президентӣ тақрибан рӯйи даст намеояд. Дар ноҳияи Рашти шарқи Тоҷикистон бо истифода аз заминҳои президентӣ иддае аз сокинони маҳаллӣ вазъи иҷтимоии худро беҳтар сохта ва аммо дар ҳамин ҳол имрӯз сокинони Рашт дар кишту кори замин саҳлангорӣ мекунанд, ки ин боиси як андоза душвор гардидани зисти онҳо гардидааст.
Дар ҳоле ки сокинони Рашту Хатлон аз мушкили худ дар робита ба замину истифодаи он сӯҳбат мекунанд, дар Бадахшон чунин ба назар мерасад, ки мушкили замин аслан вуҷуд надорад, чун дар ин вилоят тавре медонем, замини ҳамвор тақрибан вуҷуд надорад.