Радои Озодӣ Дар пайи як ҳамлаи худкушона ба сарнишинони автобуси артиши Афғонистон дар Кобул 30 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Таркиш субҳи шанбе дар ҳоле рух дод, ки ҳамлагари либоси сарбозӣ ба тан дар қатори ҳудудан 50 низомии дигари афғонӣ кӯшиши ба автобус нишастанро кард. Сухангӯи вазорати дифои Афғонистон генерал Муҳаммад Зоҳири Азимӣ дар ин замина ба радиои Афғонистони Озод гуфт: "Мутаассифона, 27 тан аз аъзои ситоди мо ба шаҳодат расиданд. 21 тан захмӣ ҳастанд, ки дар байни онҳо афроди мулкӣ ҳам дида мешаванд. Мо ба аҳли хонаводаи онҳо изҳори тасаллият кардем ва ин амалро маҳкум мекунем".
Дар натиҷаи таркиш, автобуси низомӣ комилан хароб ва шишаҳои фурӯшгоҳҳои атрофи маҳалли инфиҷор реза-реза шудаанд. Феълан шоҳидони айнӣ ба полис дар барқарорсозии ҷузъиёти ҳодисаи таркиш мусоидат мекунанд. Яке аз онҳо мегӯяд: "Вақте ки мо аз утоқ баромадем, як садо баромад. Мо нафаҳмидем, ки асли ҳодиса чӣ буд. Атрофро дуди ғализ пахш ва автобус мунфаҷир карда буд. Бисёр мардум кушта шуданд ва мардуми ғайра дар талоши кӯмак ба зарардидаҳои ин инфиҷор буданд. Ва ду занро ман дидам, ки дар каноре уфтода буданд, аммо онҳоро аслан шинохта намешуд, ҷисми онҳо тика-тика шуда буд".
Аксари онҳое, ки дар таркиши имрӯза ҷароҳатҳо бардоштаанд, мардикороне буданд, ки ҷӯёи шуғл дар атрофи ин маҳал гашту гузор мекарданд. Як изҳороти вазорати умури дохилаи Афғонистон ба он ишора мекунад, ки дар миёни қурбониҳои таркиш аксар мардикорон буданд, ҳарчанд шумори дақиқи онҳо мушаххас нашудааст. Яке аз онҳое, ки аз таркиши мазкур ҷароҳат бардоштааст, дар сӯҳбат бо Радиои Афғонистони Озод гуфт: "Мо дар майдони Корти Парвони Кобул будем, дар ин маҳал одатан бинокорону хонасозон дар ҷустуҷӯи кор ҷамъ меоянд. Дар ҳамин ҷо истода будем, ки як нафар пайдо шавад, то ки биравем ба кор. Ва дар як лаҳзае чизе шуд, ки нафаҳмидем чӣ буд. Як вақт чашмонамро боз кардам, ки шифохона аст. Кам-кам сарам ва поҳоям ҷароҳат бардоштааст".
Масъулияти ҳамлаи мазкурро гурӯҳи шӯришии толибон ба ӯҳда гирифт. Ин гурӯҳ имсол беш аз 100 чунин ҳамлаи интиҳориро болои афроди мулкиву низомӣ анҷом додааст. Шумори қурбониҳои ин ҳамлаҳоро ҳудудан 4500 нафар мегӯянд. Дар вокуниш ба ҳодисаи имрӯза, раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай ба муборизаи шадиди зидди терроризм даъват кард. Ҳавbер Солана, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар вокуниш ба инфиҷори мазкур имрӯз гуфт, бо ин вуҷуд талошҳо барои барқарорсозии Афғонистон бояд идома ёбанд. "Мо бояд кори худро идома диҳем", гуфт ӯ ва афзуд, "Иттиҳоди Аврупо ҳар кореро, ки қодир аст, анҷом медиҳад".
Баргардон ва танзими Хиромони Бақозода