Ҳарчанд фақр яке аз ангезандаҳои асосии фасод шумурда мешавад, шеваи давлатдорӣ ва заъфи ниҳодҳои зидди фасод дар кишварҳое монанди Тоҷикистон аз омилҳои дигари ин падидаи манфӣ унвон мешаванд. Созмони Шаффофияти Байнулмилал -- Транспаренси Интенешл (Transparency International), ин ҳақиқатҳоро эътироф мекунад, вале меафзояд, нирӯи ин омилҳо наметавонад, баҳонаи бефаъолиятӣ ва ноумедие бошад, ки гӯё тағйири вазъ номумкин аст.
Аз ҷо ки Тоҷикистон дар соли гузашта Бунгоҳи мубориза бо фасодро таъсис дод, метавон гуфт, аз эҳтимоли пирӯзӣ дар ин мубориза навмед набудааст. Аммо дар як соли гузашта, ба пажӯҳиши Transparency International, фишори фасод ба Тоҷикистон афзоиш ёфта, дастовардҳои кишвар дар муборизаи зидди он камтар шудаанд. Сатҳи эътимод ба покизагии бахши оммавии Тоҷикистон аз фасод 2 дараҷа ва худи кишвар дар номгӯи 180 давлати ҷаҳон аз мақоми 142-юм ба ҷои 150-ум, яъне ҳашт зина, поин омадаанд. Комёб Ҷалилов, корманди аршади Пажӯҳишгоҳи мутолиоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ин арқомро қабул надорад ва мегӯяд: "Ин омор аз рӯи гап ва хабарҳо сохта мешавад ва бисёре аз онҳо чандон ҳақиқат надоранд. Сабаби дигар ин аст, ки бисёр ҷиноятҳои дигарро низ ба фасод шомил мекунанд ва нишондиҳандаҳои ниҳоӣ ин гуна зуҳур мекунанд."
Дарвоқеъ Созмони Шаффофияти Байнулмилал худ мегӯяд, ки на танҳо ришват, балки чандин бадкориҳои дигарро низ ба ҳисоб мегирад ва ҳатто мавҷудияти фазои мусоъид барои фасодро низ асос қарор медиҳад. Коршиноси мустақили муқими Душанбе, Абдуғаффори Камол мегӯяд, омори ин созмон нигаронкунанда аст, зеро мақомоти расмии Тоҷикистон талош мекунанд нишон диҳанд, ки мубориза бо фасод авҷ гирифтааст, ҳарчанд аз рӯи натиҷаҳояш фарқ мекунад: "Вақте ки дар Русия, масалан, мубориза бо фасодро шурӯъ карданд, чӣ қадар додситонҳову вазирон ва шахсиятҳои хеле бонуфуз боздошт ва муттаҳам шуданд. Дар Тоҷикистон мебинем, ки масъули шӯъбаи ақди никоҳ дар як ноҳия ё раиси як ҷамоъа, ки чӣ коре бо замин кардааст ё як милиса ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Ҳоло ман намедонам, ҳоло агар ин агентии мубориза бо фасоди иқтисодию идорӣ муборизаро на аз боло, балки аз поён шурӯъ карда бошад, инро ҳам фаҳмидан мумкин, ҳанӯз ҷавон аст, вале дар оянда ба шарте ки дар ин поинҳо наистад ва ба болоҳо ҳам бирасад."
Бунгоҳи мубориза бо фасод дар Тоҷикистон дар моҳи январи имсол таъсис ёфт ва "ҳанӯз ҷавон" буда, дар оғози роҳ аст. Вале тақрибан дар ҳамин давра Сурином, як кишвари кӯчаки Амрикои Ҷанубӣ низ маъракаи мубориза бо фасодро шурӯъ кард ва агар соли гузашта ин кишвар дар рӯйхати Созмони Шаффофияти Байнулмилал дар ҷои 90-ум буд, ҳоло ба мақоми 72 баромад. Сабаби чунин тафовут байни Тоҷикистон ва Сурином ин аст, ки аз охири соли гузашта Сурином, тавонист ба додгоҳ мустақилияти тамом бидиҳад. Акнун додварон аз ҳама гуна тамоюлҳои сиёсӣ озод буда, якумрӣ таъин мешаванд ва ба шохаи иҷроия ё қонунгузори қудрат тобеъ нестанд. Ҳама дар назди қонун баробар аст ва ҳатто раиси ҷумҳур ҳам наметавонад, ба ҳукми додгоҳ таъсир расонад.
Пас агар Шумо як Бунгоҳи қавии мубориза бо фасодро доред, вале агар додгоҳатон мустақил нест, ин бунгоҳ бовар нахоҳад дошт, ки вазири боздошткардааш фардо дар додгоҳ бегуноҳ эълон нашавад. Дар Тоҷикистон на танҳо додгоҳ мустақил нест, балки ҳам ҳукумат дар дасти як гурӯҳи муайян аст, ки худро болотар аз қонун мегузорад. Абдуғаффори Камол мегӯяд, айни вазъ дар порлумон низ ҳаст: "Дар таърихи ахири порлумони Тоҷикистон мо ёд надорем, ки он ягон вазирро мавриди пурсиш қарор дода бошад ва ё ба ӯ раъйи адами эътимод дода бошад, чунки порлумон аксаран тақрибан дар дасти як ҳизб аст. Мисли ин дар ҳама ҷо ҳамин тавр аст. Агар аз гурӯҳҳои мухталиф, ҷиноҳҳои мухталиф низ ҳузур дошта бошанд, ин яке аз роҳҳои бисёр хуби мубориза бо фасод аст, дар акси ҳол, хуб, табиист, ки ҳамдигарро пӯшиш медиҳанд, чунки аз роҳҳое бо ҳам вобастагӣ доранд ва дар ин ҳол наметавон натиеҷро интизор буд."
Созмони Шаффофияти Байнулмилал мегӯяд, додгоҳи мустақил ва ҳукуматдории хуб ба кишварҳое чун Намибиё, Сейшелз, Африқои Ҷанубӣ ва Свазиленд низ имкон дод, дар рӯйхати имсола мақоми беҳтар касб кунанд.