Ёдбуди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Ҳанӯз дар нахустин рӯзҳои даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ чӣ дар дохили ҲНИТ ва чӣ дар беруни он сӯҳбатҳо дар масъалаи имкони ихтилоф ва таҷзия дар баданаи ин ҳизб мерафт. Як соли наҳзатиён, ки бидуни оқои Нурӣ паси сар шуд, агар тағйироти ҷиддии манфие дар барнома ва мавқеъи ин ҳизб дар баробари ҳукуматро нишон надиҳад, як таҳаввулоти мусбат ҳам ба назар намерасад. Аммо эътиқодмандони марҳум Нурӣ мегуфтанд, ки марги Нурӣ ҳарчанд сабаби таҷзияи Ҳизби наҳзати исломӣ нагардид, вале мушкилиҳое барои эътиқодмандони ӯ дар пай дошт. Онҳо, аз ҷумла гуфтанд, ки баъд аз сари Нурӣ амалкардҳои зиддиисломӣ дар кишвар, яъне манъи ширкати рӯсаридорон дар донишгоҳҳо, маҳдуд намудани ширкати наврасон дар намози ҷамоа ва тахриби масҷидҳои панҷвақта дар кишвар шурӯъ шуд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси кунунии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки баъд аз даргузашти марҳум Нурӣ раёсати ин ҳизбро бар дӯш гирифтааст, гуфт, зиёд касон мехостанд, ки миёни аъзои ҳизб рахнае ба вуҷуд оранд, то онҳо аз ҳам пошида бошанд. Аммо, ба гуфтаи оқои Кабирӣ, ин ҳизб тавонистааст, ки як зарбаи сахти тақдирро пушти сар бикунад ва бар пойи худ маҳкам биистад: «Устод Нурӣ замоне ба саҳна омад, ки ҷомеаи тоҷикон тақрибан замони ҷоҳилияти замони Расуллулоҳро мемонд. Дар фаъолияти худ айни рафтори Расуллулоҳро дар ҷомеаи мо кард. Ӯ мисли Иброҳим бутшиканӣ кард. Ӯ мисли ҳазрати Мӯсо, ки қавми худро аз дарёи Нил барои наҷот аз Фиръавн гузаронд, қавми худро аз дарёи Амӯ барои наҷот гузаронд. Ӯ мисли ҳазрати Юсуф зиндонро дид ва мисли ҳазрати Айюб ба тамоми машаққату балоҳое, ки Худованд ба сараш овард, таҳаммул нишон дод. Шояд ҳич кадоме аз мо бо вуҷуди ин ҳама дардҳои тоқатфарсо ашки чашми эшонро надида бошем. Ин мактабро бо номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба мо – шогирдону пайравон ба мерос гузошт ва дуъо мекунем, ки Худованд моро вафодор ба ин мактаб ва пайрав аз ин суннат бигардонад».

Вале коршиноси мустақил Абдуғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, ба ҳар ҳол ҷойгоҳи Нурӣ дар ҳизб ва дар ҷомеаи кишвар аз вазъе, ки имрӯз ин ҳизб рӯ ба рӯст, фарқ мекаунад. Зеро, агар дар ҳизб ё ба сурати умум дар ҷомеа мушкиле пеш меомад, Нурӣ онро бо ҳукумат ва махсусан бо президент Раҳмон дар миён мегузошт. Ҳоло чӣ? Мо инро намебинем. Ба ин маънӣ, оқои Мамадазимов таъкид мекунад, ки раҳбарияти ин ҳизб дар идомаи як сол мавқеъи эҳтиёткориро пеш гирифта, чандон ба сиёсатҳои ҳукумати кишвар мухолифат наварзидааст: «Тӯли як сол дар Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам пешравиҳо буд ва ҳам камбудҳо. Аввалан, алоқаманд набудани Муҳиддин Кабирӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ барои пешрафти кори ҳизб таъсиргузораст. Лекин як анъанае, ки дар давраи зинда будани Абдуллоҳи Нурӣ миёни мухолифин ва ҳукумат вуҷуд дошт аз байн рафт. Яъне чи? Қаблан, назар ё пешниҳоди мухолифин ҳам дар ҳалли ин ё он масъала ба назари эътибор гирифта мешуд, аммо тӯли як соли гузашта ҳукумат даъвои раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломро дар мавриди тахриб накардани масҷидҳо сарфи назар намуд. Ба ин маънӣ, ки ҳанӯз салобати Муҳиддин Кабирӣ ба салобати роҳбарии Устод Нурӣ нарасидааст».

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Нуриро яке аз иҷтиҳодгарони роҳи дини Ислом унвон кард. Оқои Тӯраҷонзода аз аҳли ҳамоиш ва мардуми мусалмони Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки ормони Сайид Абдуллоҳи Нуриро, ки ба гуфтаи ӯ, эҳёи Ислом дар Тоҷикистон будааст, зинда нигаҳ доранд: «Бояд он ҳадафу ормоне, ки марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар зиндагӣ доштанд, ҳамон ормонро зинда нигоҳ дорем. Ин ормон чи аст? Ин ормон, албатта, бар иловаи ободиву оромии кишвар эҳёи Ислом дар Тоҷикистон аст. Ин ормон, ормонҳар як фарди мусалмон, мусалмоне, ки ба аҳкоми дини худ бовар дорад. Бисёр маъракаи шадиди зиддиисломӣ дар дунё шурӯъ шудааст ва Тоҷикистон низ як соли ахир зери ин таҳоҷуми фарҳангӣ қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, омода будан зарур аст, ки ин ҳуҷумҳо боз ҳам шадидтар хоҳанд шуд».

Ҷонибдорони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин хидматҳои ӯро дар роҳи имзои Созишномаи сулҳи миёни тоҷикон ситоиш карда вале гуфтанд, ҳукумати Тоҷикистон аксар вақт ин хидматҳои Нуриро нодида мегирифтанд ва ё камранг нишон додаанд.

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз замони таъсиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар миёнаҳои даҳаи 1970 раҳбарии онро бар ӯҳда дошт. Дар замони даргириҳои дохили солҳои 1992-1997 раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин буд. Баъд аз имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар соли 1997, Кумиссиюни оштии миллиро то соли 1999 ба раҳбарӣ мекард. Соҳибназарон мегӯянд, оқои Нурӣ ба унвони раҳбари яке аз ду ҷониби сулҳи тоҷикон барои ба даст овардани он нақши муассире доштааст. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 9-уми августи соли 2006 дар синни 59-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузаштааст.