Бар Ватани худ посбон мешавӣ?

Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев – сухангӯи Вазорати дифоъ як моҳ боз ниҳодҳои марбута ба қабули сарбозони ҷавон ва гусели онҳое, ки мӯҳлати хидматашон анҷом ёфтааст, омодагӣ мегиранд. Дар мавриди ин омодагиҳо сухангӯйи Вазорати дифоъ чунин гуфт:

“Барои наваскароне, ки имсол шомили қисмҳои низомӣ мегарданд, хобгоҳҳои тозаву барҳаво, болопушу кати хоби нав, инчунин васоили зимистонгузаронии онҳо бояд ба нақша гирифта шавад. Ҳама талош ба он равона мешавад, ки ҳар як наваскар аз рӯзҳои аввал ғамхории раҳбарияти давлату ҳукуматро эҳсос кунад.”

Бино бар омори расмӣ, тайи солҳои ахир теъдоди сарбозони ихтиёрӣ афзудааст. Барои мисол, танҳо дар 10 рӯзи аввали мавсими қаблии даъвати ҷавонон ба Артиши миллӣ беш аз 20 %-и нақшаи даъватӣ иҷро шудааст.

Бо ин вуҷуд, гуфта мешавад, ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмат низ ба мушоҳида мерасид. Аз Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ пурсидам, агар теъдоди кофии ҷавонон ихтиёран барои хидмат ба артиш наояд, Вазорат чӣ кор хоҳад кард? Посухи ӯ:

“Ба таври иҷборӣ ҷалб намекунем, ин як қоидае ҳаст, ки ҳар як ҷавон онро бояд дуруст фаҳмад. Вақте, ки ҷавон ба синну соли даъватӣ расид, аз ҷониби масъулини комиссариати ҳарбӣ даъватнома фиристода мешавад, то ин ки ӯ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шавад. Дар сурати наомадан, ҳайати комиссариатҳо ҳамроҳ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ рафта аз хонаҳошон гирифта меоранд.”

Мақомоти расмӣ мегӯянд, шароити хидмат мисли солҳои пеш бад нест. Фаридун Маҳмадалиев гуфт, қаблан аксари воҳидҳои низомӣ дар иншооту таъсисоте қарор доштанд, ки аслан ба талаботи низомӣ ҷавобгӯ набуд. Аммо, гуфт ӯ, феълан, барои онҳо тамоми шароитҳо муҳайё шудааст.

Вале аксари мусоҳибони ҷавони мо, ҳамоно аз вазъи бади молӣ ва шароити сангин дар артиш изҳори нигаронӣ мекунанд. Ва гурӯҳе аллакай аз ҳоло бо ҳар роҳу восита аз хизмати ҳарбӣ ва адои вазифаи ватан роҳи гурез меҷуянд.

“Тамом кардаанд мактабро, лекин метарсанд ба хизмат раванд. Метарсанд, ки хӯроки нағз намедиҳанд. Шиносҳоям, ки хизмат рафтаанд, аҳволи бад доранд, намехоҳам мисли онҳо шавам.”

“Шахсан, ман худам мехоҳам ба хизмат равам, аммо ба шарте, ки хизмат ба мисли Русия бошад.”

Аҳтам, ҷавоне, ки 20 сол дорад ва мебоист дар ин муддат адои хидмат кардаву бо рутбаву ҳуҷҷати низомӣ ба зиндагии мулкӣ бармегашт, мегӯяд, бо вуҷуди ду маротиба гирифтани даъватнома ба сафи қувваҳои мусаллаҳ нарафтааст. Ӯ фарзанди бузурги оила будааст ва то имрӯз таъмини рӯзгори хонаводаи 5-нафариро бар дӯш дорад. Аҳтам ин навбат ҳам даъватномаи хидмат дар қувваҳои мусаллаҳро интизор намешавад ва рӯзҳои наздик ба Русия рафтанист.

«Ман агар ба хидмати ҳарбӣ равам, ду додару хоҳарчаҳоям гушна ва белибос мемонанд. Онҳо мактаб мехонанд ва барои ҳамин ман бояд кор кунам ва онҳоро таъмин созам. Маоше, ки модарам мегирад, ночиз аст ва маҷбурам, ки ин дафъа ҳам ба хизмати ҳарбӣ не, балки барои кор ба Русия равам.”

Ба ақидаи Маҳфуза ном ҷавони дигар, шумори зиёди ҷавонон иҷборан ба сафи артиш бурда мешаванд. Маҳфуза мегӯяд, дар мавсими навбатии даъвати ҳарбӣ боз ҳам он ҷавононе ба хизмат ҷалб мешаванд, ки аз оилаҳои нодоранд ва имкони дохил шудан ба донишгоҳро надоранд ва ё маблағи роҳкиро барои Русияро ҳам пайдо карда наметавонанд.