400 хонаводаи Зайнабобод дар ҳавои кушод мемонад?

Ин ҳам дар ҳолест, ки беш аз 100 нафар истиқоматкунандагони ин деҳа ба ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ рафта, аз мақомоти ноҳия тақозои ҳамгунро карданд. Муовини раиси ноҳия Муҳаммадраҳим Юсуфов ба онҳо гуфтааст, ки тахриби манозил дар деҳаи Зайнабобод тибқи амри додситони кулли Тоҷикистон сурат мегирад.

Ва аммо қабл аз ҷамъомад дар наздид Додситонии кулл шумори беш аз саднафараи бошандагони деҳаи Зайнабобод ба ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ рафта, аз мақомоти ноҳия тақозои расидагӣ ба қазияи худ карданд. Муовини раиси ноҳия Муҳаммадраҳим Юсуфов гуфтааст, ки тахриби манозил дар деҳаи Зайнабобод тибқи амри додситони кулли Тоҷикистон сурат мегирад ва мақомоти ноҳия дар ҳалли ин масъала нотавон будаанд.

Пас аз ин қисме аз сокинони ин деҳа роҳ ба сӯи Душанбе пеш гирифта ва ба Додситонии кулл омаданд, аммо ҳузури ин афрод дар назди сохтмони додситонӣ зиёд тӯл накашид. Пас аз ин ки яке аз муовинони додситони кулл чаҳор нафар аз ҷамъомадагонро ба ҳузур пазируфт ва ба иддаояшон гӯш дод, онҳо ба деҳаи худ баргаштанд.

Бибиҳаво Аъзамқулова, як сокини деҳайи Зайнабобод, ки бо муовини додситони кулли кишвар мулоқот доштааст, тафсилоти дидорашро ин гуна шарҳ дод: «Муовини додситони кулл гуфт, ки қазияи шуморо ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ бояд ҳал кунад, аслан раисони ҷамоятҳо бояд ҳуҷҷатҳои шуморо дуруст кунанд. Ба гуфтаи вай, мо хонаҳоямонро бидуни санади ҳуқуқӣ бунёд кардаем. Вале намояндагони ҳукумат мегӯянд, амри додситони кулл рӯи даст аст, ки бояд заминҳои Зайнабобод ба ҳолати пешинааш баргардонида шавад. Шумо ягон илоҷ надоред, мегӯяд. Мо бо шумори беш аз сад нафар қабл аз ба инҷо омадан ба ҳукумат рафтем, ҳатто яке аз бонувони ҳамсояамон аз сӯи корманди милиса латукӯб шуд, ҳеҷ ниҳоде ба додамон намерасад ва мо дигар илоҷ надорем, ҷуз инки ба ҳукумати ҷумҳурӣ биравем ва аз раиси ҷумҳур дархост бикунем, ки масъалаи моро бубинад...»

Аслан деҳаи Зайнабобод, тавре мушоҳада кардем, рӯйи замини санглох бино шуда ва ҳоло мушаххасан 391 хонавода дар ин мавзеъ манзил сохтаанд. 20-уми июни соли равон Додситони кулли Тоҷикистон амре содир кард, ки мутобиқ ба он, манозили дар деҳаи Зайнабобод бунёдшуда санади ҳуқуқӣ надошта ва зимнан бояд тахриб мешудаанд.

Дар ҳамин ҳол Ҳасрат Солеҳов, муовини додситони ноҳияи Рӯдакӣ ба радиои Озодӣ гуфт, деҳаи Зайнабобод дар 43 ҳектор замин бунёд шуда, аслан барои умури кишоварзӣ корношоям аст ва ҳоло маълум нест, ки бо тахриб шудани хонаҳо дар ин русто, замини он барои кадом ҳадаф истифода хоҳад шуд. Оқои Солеҳов гуфт, иддае аз соҳибони хонаҳо ҳуҷҷати лозим барои бунёди манзил доштаанд, аммо аксаран тибқи санадҳои тақаллубӣ хона сохтаанд. Санадҳои тақаллубиро барои замин ва бунёди манзил ба сокинони деҳа раиси корхонаи мавсум ба «Паррандапарвар» Ҳасан Азимов ва раисони ҷамоат таҳия кардаанд, ки дар айни замон алайҳи ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шуда мавриди тафтиш қарор дорад.

Гулчеҳра Бобоҷонова, яке аз занҳое, ки дар таҷаммӯъи назди ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон будааст, мегӯяд, ҳуҷҷати манзилашро ҳанӯз 7 соли қабл соҳиб шудааст, аммо танҳо имрӯз аз забони мақомот мешунавад, ки он тақаллубӣ будааст: «Моро инҷо гунаҳкор меҳисобанд. Аммо танҳо баъди аз миён гузашти солҳои зиёд акнун мақомот хонаҳои моро ғайриқонунӣ унвон кардаанд! Чаро мақомот қаблан дар ин бора моро дар ҷараён нагузоштанд? Ҳоло мегӯянд, ки санадҳоятон тақаллубиянд? Барои сохтмони манзил маблағи зиёде сарф кардаем, хӯрандаҳои зиёд дорему дигар ҷои зист надорем. Акнун пас аз тахриб кардани хонаҳоямон куҷо меравем? Мо ин заминҳоро харидорӣ кардаем ва барои истифодаи он ҳақ дорем. Аммо имрӯз бидуни огоҳии қаблӣ хонаҳои моро омада хароб мекунанд, ҳатто чанд кӯдак зери девор мондаанд...»

Ва аммо мақомоти додситонӣ мегӯянд, дар ҳоле ки сокинони деҳаи Зайнабобод аз манозилашон берун карда шаванд ва ё хонаҳояшон комилан тахриб гардад, онҳо метавонанд аз тариқи муҳокимаи додгоҳӣ зарари молию маънавии худро ҷуброн кунанд. Дар ин додгоҳ на ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, балки афроде, ки санадҳои тақаллубӣ барои сокинони Зайнабобод таҳия кардаанд, ба ҳайси ҷавобгар бояд ширкат варзанд.

Ин дар ҳолест, ки Ҳасрат Солеҳов, муовини додситони ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, усулан раиси ноҳияи Рӯдакӣ бо судури як қарор метавонад санадҳои сокинони деҳаи Зайнабободро барои манзил қонунӣ гардонад, аммо дар ҳолеки масъала то ба додситонии кулл расидааст, барои ҳалли ин мушкил мувофиқаи ҳукумати маҳаллӣ бо мақомоти марказии кишвар лозим аст.