Мавлавӣ ошиқонашро дар Душанбе ҷамъ меорад

Ба иттилоъи мавлавишиносон Ҷалолиддини Балхӣ нахустин фарде дар олами тахаййули эъҷоз ва авҷи тафаккуру ҳиммати Худохоҳӣ будааст, ки пас аз олами сифлӣ рӯй бар улвӣ овардан ҷанозаи ӯро насрониву яҳудӣ ва мусалмонон дӯш бар дӯш бардоштаву навҳаву мотам кардаанд. Яъне Мавлавӣ (дар тарҷумаи сареҳи тасаввуфия ба маънои «раҳошуда» омадааст) онгуна аз ҷомаи тафаккури таъассуботи адён вораста будааст, ки бо «Маснавии маънавӣ»-и хеш, ки онро баъдтар уламо Қуръони паҳлавӣ хондаанд, риштаи каломро бар тақвият аз камолоти фикр бар рӯи адён кашидаву ҷумла динҳоро зинаҳои як нардбони хаёл сӯи Олами улвӣ хондаву сароҳатан исботи гумон ҳам кардааст. Ва ҳамакнун ин ҳамаро дар асри 21 бо як ибора «гуфтугӯи тамаддунҳо» мешиносанд.

Ва аммо гирудори дигаре, ки ҳазорсолаҳо миёни аҳли завқ мустақар будааст, ин аст, ки зодбуми Мавлавӣ куҷост? Мавлавишиносони бузургмақом Саъид Нафисӣ ва Радий Фиш бар ин ақида буданд, ки зодгоҳи Мавлавӣ Вахши Тоҷикистон аст. Гумон меравад, ки ин ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти пурбаракоту фаъолияти пурзаҳамоти Мавлоно ҳини дидори мавлавишиносон дар Душанбе мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт.


Ва инак - ҳамонгуна, ки дар маросими ташйеъи ҷанозаи сӯфии бузурги ҳамаи давру замонҳо намояндагони ақвому адёни мухталиф ширкар намуданд, - имрӯз ҳам - баъд аз сипарӣ шудани ҳудуди ҳашт садсола - 90 тан аз уламои фиқҳу тасаввуф, адабаправарону мавлавишиносон ва файласуфону аҳли адён аз 27 кишвари чаҳор гӯшаи олам ҷиҳати гиромидошти рӯҳи бузурги Мавлоно Ҷалолуддини балхӣ ва иштирок дар ҳамоиши байнулмилалии «Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ - гуфтугӯи тамаддунҳо», ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ташриф оварданд. Гуфта мешавад, дар ин ҳамоиш, ки 7-уми сентябр баргузор мегардад, дар баробари 17 маърӯзаи мавлавишиносони ҷаҳон ҳамчунин 3 маърӯзаи олимони тоҷик муаррифӣ мегардад.

Дар ҳамин маврид дар давоми ду рӯзи кори ин конфронси илмӣ намоишгоҳи китобҳои Ҷалолидиини Балхӣ низ баргузор мегардад.

Ҷониби Тоҷикистон 2 дафтари тозанашри «Девони кабир»-и Мавлавиро дар 1400 саҳифа ва маъруфтарин асари Румӣ «Маснавии Маънавӣ»-ро ба ин намоишгоҳ пешбарӣ кардааст. Алии Муҳаммади Хуросонӣ, мусаннифи тоҷики «Маснавии Мавлавӣ», мегӯяд, асари мазбур дар қиёс бо дастнавсҳои машҳури «Маснавӣ» таҳия ва нашр шудааст.

Дар ҳамин ҳол, «Фалсафаи Румӣ»-и Муҳибба Маҳмадҷонова ба русӣ, асари пажӯҳишии Хуршед Зиёев бо унвони «Мавлоно» ба форсии тоҷикӣ, «Мунтахаби ашъори Румӣ» ба русӣ дар ҳаҷми 400 саҳифа (дар таснифи академик Мӯсо Диноршоев), «Гулчини ашъори Балхӣ» бо хатти сирилики тоҷикӣ дар таҳияи дуктур Амрияздони Алимардон дар 200 саҳифа, ки ба тозагӣ дар Тоҷикистон нашр шудаанд, дар ин намоишгоҳ барои нахустин бор пешкаши аҳли завқ мегарданд.