Адён ва мазоҳиб дар Тоҷикистон

Дар идораи умури дин дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 97 дарсади аҳолии кишвар пайравони дини Ислом ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки феълан дар ҷумҳурӣ беш аз 85 ташкилоти динии ғайриисломӣ низ сабтином гардидаанд.

Гуфта мешавад, то соли 1990 дар кишвар ҳамагӣ 3 созмони динии ғайриисломӣ, аз ҷумлаи як калисои масеҳиёни православӣ, як костели католикӣ ва як канисаи яҳудиён, амал мекардааст.

Бар асоси банди 26-и Қонуни асосии Тоҷикистон, шаҳрвандони ин кишвар дар мавриди пайравӣ ба ҳар мазҳаб озоданд ва метавонанд алоҳида ё якҷо бо дигарон динеро пайравӣ кунанд. Саидбек Муҳаммадалиев, масъули бахши диншиносии сарраёсати умури дин дар Вазорати фарҳанг, мегӯяд, ин ниҳод салоҳият дорад, ки аз болои фаъолияти ҳама гуна иттиҳодияҳои динӣ назорат бубарад. Оқои Муҳаммадалиев таъкид мекунад, ки дар сурати риоя накардани қавонини ҷории Тоҷикистон, фаъолияти чунин иттиҳодияҳои динӣ дар марҳалаи аввал ба муҳлати 3 моҳ мавқуф карда мешавад: «То имрӯз дар сарраёсати дин ойинномаи 86 ташкилоти динӣ сабтином гардидааст. Ин ташкилот бояд мувофиқи ойинномаи худ ва бо риояи қавонини ҷории Тоҷикистон фаъолият кунанд».

Иттиҳоди калисои масеҳиёни инҷилӣ-баптистӣ, калисои проваславии рус бо номи «Николский собор», маркази таблиғотии "Сон Мин" ва калисои римӣ-католикӣ дар кишвар фаъолияти густурда ва пайравони зиёд доранд».

Дар ҳамин ҳол, Александр Давидов, раҳбари Иттиҳодияи калисоҳои масеҳиёни инҷилӣ-баптистӣ, ки 80 сол бад-ин сӯ дар Тоҷикистон фаъолият дорад, мегӯяд, онҳо дар манотиқи кишвар 23 ибодатгоҳ ва тақрибан 400 пайрав доранд, ҳачанд теъдоди пайравонашон баробари ҳиҷрати зиёди мардуми русзабон дар авоили солҳои 90-уми асри гузашта кам шудааст.

Оқои Давидов ҳамчунин мегӯяд, фақат дар ибодатгоҳи марказии масеҳиёни инҷилӣ-баптистӣ ҳудуди 30 нафар ба тоату ибодат машғуланд. Ӯ афзуд, бештари пайравони онҳо ҷавонон ҳастанд ва эшон рӯзҳои якшанбеи ҳар ҳафта якҷо ибодат мекунанд: «Дар Тоҷикистон зиндагии мо хуб аст, зеро мардуми ин сарзамин худотарсанд. Онҳо солҳои 1937 ва 1961 давраҳои гуногуни атеизмро пушти сар кардаанд. Калисои марказии мо дар ин ҷо беш аз 50 сол аст, ки фаъолият дорад ва намояндагони 17 миллат ба он шомиланд. Рисолати мо ба мардум расонидани он аст, ки Худованд мехоҳад, то одаман ҳамдигарро дӯст доранд ва новобаста аз миллату қавмияташон ҳамдигарро эҳтиром намоянд. Зеро Худо ягона буда, мехоҳад ҳамаи одамон дӯстона зиндагӣ кунанд».

Ҳарчанд Александр Давидов ба муносибати ҳукумат бо иттиҳодияҳои динӣ назари мусбат дорад, вале раҳбарони исломии Тоҷикистон аз муносибати ҳукуматдорон бо пайравони ислом изҳори нигаронӣ мекунанд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусалмонони Тоҷикистон, мегӯяд, давлат хатари бештареро аз сӯи пайравони дини ислом эҳсос мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, агар созмонҳои динии ғайриисломӣ бо ҷамъоварии 100 имзо тавонанд ташкилоти динии худро таъсис диҳанд, барои бунёди як масҷид имзои 15 ҳазор диндор тақозо мешавад: «Мутаассифона, ду-се сол пеш аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мазҳабҳои гуногуни масеҳиасос дар Тоҷикистон низ пайдо шуданд. Аз ин рӯ дар кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Русия, фаъъолияти он динҳое, ки асоси таърихӣ надоштанд, мамнӯъ эълон шуд. Бояд ҳукуматдорони мо низ иҷоза надиҳанд, ки мазоҳиби асоси таърихӣ надошта дар кишвар фаъолият намоянд. Медонам, ин гуфтаҳо ба меъёри ҳуқуқи башар мухолиф аст, аммо баъзе аз мубаллиғони мазҳабҳои ғайр ҷавононро аз динашон баргардонида, ба мазҳаби худ ҷалб мекунанд. Замони раҳбари идораи қозиёт буданам, чун дар ин робита бисёр чизро дунбол мекардам, дар он солҳо дар Тоҷикистон ба ҷуз аз пайравони дини масеҳии провославӣ ва католикиву баптистӣ пайравони дигар динҳо вуҷуд надоштанд».

Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон баъд аз касби истиқлолият кардани кишвар 85 созмони динии ғайриисломӣ зуҳур намудаанд, ки умдатан фаъолияти таблиғотӣ пеш мебаранд. Рӯҳонӣ Карлос Авила, раҳбари Калисои католикии Тоҷикистон гуфт, мазҳаби католикӣ дар Тоҷикистон пас аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳон ҳангоми муҳоҷирати иҷбории олмониҳо ва лаҳистониҳо ба ин кишвар ба вуҷуд омад, ки теъдоди пайравонаш дар Тоҷикистон он вақт ба 3 000 нафар мерасид. Вале баъд истиқлолиятро касб кардани Тоҷикистон бахши аъзами онҳо ин кишварро тарк карданд ва ҳоло пайравони онҳо камтар аз 300 нафар боқӣ мондаанд.

Карлос Авила танҳо аз тарҳи нави қонуни дин нигарон буда, онро барои мавҷудияти мазҳаби католикӣ хатарзо арзёбӣ мекунад: «Албатта, ҳукумат бояд назорат кунад, тартибу низом ҷорӣ намояд ва ҳама қавонини давлатро риоя кунанд. Ин қонун вазъи моро мушкил мекунад, зеро калисои католикии мо бузург нест. Аммо вуҷуд дорад. Мо нав не, хеле барвақт дар даврони истирдод омада будем. Пайравони мо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд».

Михаил Абдураҳмонов, равил ё раҳбари ягона канисаи яҳудиҳо дар Душанбе, мегӯяд, ин қавм беш аз як аср мешавад, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ва пайравони онҳо асосан мардуми русзабон ва яҳудиёни бухороӣ будаанд. Вай мегӯяд, қаблан яҳудиён ҳамарӯза ба ибодат машғул мешуданд, аммо ҳоло пайравони онҳо ҳафтае ҳамагӣ 3 бор дар каниса якҷо ибодат мекунанду халос. Оқои Абдураҳмонов изҳор кард, пайравони онҳо 350 нафар ва умдатан аз қишри камбизоати сокинони Тоҷикистон мебошанд, ки ҳатто имкон надоранд, канисаи худро тармим ё навсозӣ бикунанд: «Яҳудиён мубаллиғ нестанд ва ҳар кас ҳам наметавонад бо эълони онки мехоҳад пайрави дини мо бошад, яҳудӣ шавад. Ин нокифоя аст. Онҳое, ки мехоҳанд ба яҳудия бипайваданд, бояд тӯли 5 сол аз урфу одатҳо ва хати ивритӣ огаҳ гарданд. Дар маҷмӯъ, мушкиле надорем. Муносибати давлат ва сокинони маҳаллӣ бо яҳудиён хуб аст. Фақат масъалае, ки то ҳол ҳалли мусбати худро пайдо накардааст, кӯчонидани канисаи яҳудиён ҷиҳати бунёди як гулгашт дар назди Қасри Миллат мебошад».

Дини зардуштӣ низ барои аҳолии Тоҷикистон як дини ошност. Қисмате ба он чун дини бобоии худ, яъне чун ба як мазҳаби ориёӣ эҳтиром мегузоранд, ҳарчанд гурӯҳи дигар ба фаъолияти он назари манфӣ доранд. Бо ин вуҷуд, ҳоло зардуштиён баъд аз қатли раҳбари собиқи он Рӯдакии Самадӣ дар 6 соли қабл соҳиби анҷумане нестанд ва шумораи дақиқашон на бештар аз 20 нафар будааст.

Ба дунболи фаъолияти зардуштиҳои Тоҷикистон метавон гуфт, ки кришнаитҳои ин кишвар низ чандон намоён набудаанд. Вале фаъолияти мубаллиғии (миссонерии) Сонмин – Грейси куриёиҳо дар Душанбе назаррастар аст. Ин фирқаи мазҳабӣ бо таъсиси мактабу толори варзишӣ ва табобати ройгон мардумро, бахусус ҷавононро, ба созмони худ ҷалб кардааст.

Ба назари Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик, дар кулл, давлат барои фаъолияти озодонаи ҳамаи динҳо шароит ва имконотеро фароҳам овардааст. Вале дар ҳамин ҳол, ин коршинос ба фаъолияти густурдаи ташкилотҳои миссионерии динӣ дар Тоҷикистон чандон хушбин нест: «Демократия хуб аст, аммо давлат бояд аз болои ин созмонҳои ғайриисломӣ назорати шадид барад. Зеро набояд Тоҷикистон ба Лубнони сонӣ табдил ёбад...»

Аммо ба қавли мақомот, аҳолии суннимазҳаби кишвар ба пайравони дигар мазҳабҳо бо таҳаммул муносибат мекунанд ва Тоҷикистон шоҳиди хушунатҳои мазҳабӣ нашудааст. Вале дар соли 2000 дар шаҳри Душанбе як маъбади марбут ба калисои Сон Минро тарконида шуд. Баъди 4 соли ин дар Исфара роҳиби баптист Сергей Бессараб дар натиҷаи як суиқасди пайравони гурӯҳи тундрави мазҳабии мавсум ба Байъат ба ҳалокат расид.

Ба сурати умум, ба эътиқоди коршиносон, як ҳусни таҳаммули нисбӣ миёни мазоҳиби мухталиф дар Тоҷикистон побарҷост ва дар саҳнаи динии ин кишвар метавон пайравони тақрибан ҳама мазҳабҳои бузурги дунёи муосирро дучор омад.