Сабқати ахир дар Душанбе аз 20- то 24-уми август баргузор шуд, ки дар он 56 варзишгар аз 6 кишвари осиёӣ - ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Эрон - иштирок карданд.
Мансур Яҳёев, раиси мактаби захираҳои олимпӣ оид ба теннис дар робита ба ин мусобиқа аз ҷумла гуфт: «Мехоҳам нақши Аҳмадҷони Муҳаммадро зикр кунам, ки мо ӯро чун ситораи теннис дар миёни наврасон арзёбӣ карда, аз ӯ умедҳои калон дорем. Вай 13 сол дорад ва бори сеюм аст, ки дар ин бозиҳо иштирок мекунад. Хушбахтона, ниҳоят имсол ӯ ҷоизаи президенти Тоҷикистонро аз они худ кард. Дар мусобиқаи ниҳоӣ вай варзишгари дигари хуби мо Бахтиёр Саъдуллоевро гузашт, ки соли гузашта қаҳрамони ин мусобиқот шуда буд. Дар сабқати духтарҳо Сабина Шарифова аз Узбакистон ҷои аввалро соҳиб шуд. Вай дар соли аввали мусобиқот ҳам ҷои якумро гирифта буд. Дар мусобиқоти ҷуфтҳои теннисбоз мавқеъи сеюмро варзишгарони мо Таҳмина Бурҳонова ва Азиза Азизова, аз мактаби тенниси Чкаловск, соҳибӣ карданд. Ҷои аввалро дар ин бахш ҷуфти Шарифова ва Тайринбоева, аз Узбакистону Қазоқистон, ба худ ихтисос доданд».
Гуфта мешавад, мусобиқоти имсола назар ба солҳои гузашта имсол аз ҳама лиҳоз дар сатҳи баландтар гузаштааст. Ба тасдиқи коршиносон, дар омодагии майдонҳои бозӣ, сатҳи доварӣ ва омодагии варзишкорон ҳеҷ камбудие дида нашудааст.
Аммо бо ин вуҷуд, Мансур Яҳёев мегӯяд, ки аз нигоҳи куллӣ барои ба пояҳои баланди байнулмилалӣ расидани варзишгарони тоҷик ҳанӯз роҳ дарозу сангин аст. Масъалаи аслӣ, ба қавли ӯ, ҳамоно камбуди маблағ боқӣ мемонад.
«Чаро Аҳмадҷони Муҳаммад ва Бахтиёр Саъдуллоев хуб ҳунарнамоӣ карданд? - суол медиҳад ӯ ва худ посух медиҳад. - Чунки онҳо аз оилаҳои доро ҳастанд ва волидонашон ба онҳо ҳама шароитро фароҳам овардаанд, ки ҳунари теннисбозиро омӯзанд. Онҳо аз ҳама назар хуб таъмин ҳастанд: ҳам ба васоили беҳтарини варзишӣ дастрасӣ доранд, ҳам ба сафарҳо мераванд, ҳам дар Академияи тенниси Испания машқ кардаанд. Ин ҳама дар касбияти варзишкорҳо нақши муҳим мебозад. Аммо наврасони дигар ингуна имконият надоранд Албатта, кас мехоҳад, ки ҳукумат ба ин навъи варзиш таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад, то варзишгарони мо ба сатҳи баланд бирасанд».
Бо зикри ин ҳама, оқои Яҳёев эътироф мекунад, ки имрӯз шароити иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузории риштаи варзиш хеле маҳдуд аст. Вай гуфт, ки сол то сол хоҳишмандони зиёд барои бозии теннис ба онҳо муроҷиат мекунанд, аммо мушкили дигари муҳим камбуди майдонҳои машқ боқӣ мемонад. Вай бар ин назар аст, ки маъмулан як гурӯҳи тарбиявии теннис бояд аз 4-5 варзишгар иборат бошад, аммо камбуди майдонҳои тамрин онҳоро водор мекунад, ки ба гурӯҳи тамринӣ то 20 шогирдро қабул кунанд.
Дар миёни довталабони бозии теннис дар Тоҷикистон, ба қавли Мансур Яҳёев, солҳои ахир мардони 35 - 40-солаи аз назари иҷтимоиву иқтисодӣ муваффақ, мисли соҳибкорону кормандони бонк, муроҷиат мекунанд. Барои онҳо теннис бештар пайравӣ аз мӯди аврупоӣ аст, ки ба салиқаву мақоми кас ҳусн зам мекунад. Аммо, ба гуфтаи мутахассисон, боз ҳам танҳо сармояҳои инфиродӣ кофӣ нест, ки ин навъи варзиш рушду тавсиъа ёбад ва барои муваффақиятҳои касбии варзишкорони Тоҷикистон мусоидат кунад.