Динозаврҳои тездав

Пажӯҳиши навтарин аз олами динозаврҳо

Муҳаққиқони бритониёӣ мегӯянд, ошкор карданд, ки хурдтарин динозавр метавонистааст, дар як соат 64 километр ҳаракат кунад ва ҳатто тиранозаври сангинҳаракат низ қодир будааст, бомаҳораттарин давандаи замони моро пеш гузарад.

Олимони бритониёӣ бо истифода аз моделҳои компютерӣ суръати ҳаракати панҷ навъи динозаврҳои гуштхурро таҳқиқ карда ва ҳамчунин дидаанд, ки онҳо чӣ гуна ба тағйири иқлим худро мутобиқ мекардаанд.


Кӣ тезтар?

Велосираптор, ки дар филми "Боғи давраи сангин" ваҳшонияту зудҳаракатии онро дидаем, дар як соат то 24 километр ва тиранозаври бадҳайбат то 18 километр дар як соат ҳаракат мекардааст.

Фил Маннинг, яке аз муаллифони таҳқиқот мегӯяд, тиранозавр дар давидан аз давандаи бомаҳорат камтар набудааст ва ба қавли ӯ, ин ҳайвони азимҷусса ба осонӣ метавонистааст, дар давидан аз футболбози маъруф Роналдиню бигзарад.

Хурдтарин динозавр, мавсум ба компсогнатус дар як соат то 40 километр ҳаракат мекардааст ва дар муқоиса аз ҳайвоноти зиндаи дупо 5 километр соат тундтар. Аммо дар миёни инсонҳо давандаи аз ҳама зудҳаракат танҳо дар як соат то 25 километр соат ҳаракат карда метавонаду халос.


Аз ин пажӯҳиш чӣ фоида?

Муҳаққиқони бритониё бо истифода аз моделҳои компютерӣ суръати ҳаракати панҷ намуди динозаврҳоро санҷидаанд, ки хурдӣ 3 килограм ва бузургаш 6 тонна вазн доштааст.

Онҳо дар модели комютерӣ иттилоъот доир ба сохтори скелетӣ ва мушакии динозаврҳоро ворид карда ва суръати давидани онҳоро ба ҳар навъ тарҳрезӣ кардаанд. Баъд аз ин, ба гуфтаи Вилям Зеллер, табиатшиноси бритониёӣ онҳо иттилоот доир ба сохтори скелетӣ ва мушакии як варзишгари касбиро ба компютер андохта ба чунин натиҷа расидаанд, ки варзишгари аз ҳама тезҳаракат дар давидан аз тиранозавр ақиб мемондааст.

Вилям Зеллер мегӯяд, ки таҳқиқи шеваҳои зиндагӣ ва маҳв шудани динозаврҳо имкон медиҳад, то ки роҳҳои мутобиқати ҳайвоноти ҳозира ба тағйири иқлим омӯхта шавад. Пажӯҳиши мазкур кумак мекунад, то сурати биологии мутобиқати динозаврҳо ба тағйири иқлим таҳия шавад, ки ин даррандаҳои азим 65 миллион сол пеш аз байн рафта буданд.

Вилям Зеллер афзудааст, ки омӯхтани шеваҳои мутобиқати динозаврҳо ба шароити миллионҳо соли пеш имкон медиҳад, то шароити ҳазорон соли ояндаро як навъ пешгӯӣ кард.