Муфаттиши кулли Агентии марказии кашфи ИМА генерал Ҷон Ҳелҷерсон навиштааст, ки раҳбарони воломақоми хадамоти кашфи ИМА имкони пешгирӣ аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001-ро аз даст доданд. Ба қавли номбурда, маълумот дар бораи ҳадди ақалл ду рабояндаи ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар рӯи мизи 60 ходими баландпояи кашф гузошта шуда буд. Вале ҳамоҳангии заиф боис гардид, ки ин маълумот ба бахшҳои масъул ирсол нагашт ва аслан он замон як рӯйхати умумии афроди шубҳабарангез, ки бояд зери назари хадамоти кашф қарор гиранд, вуҷуд надошт.
Муаллифи гузориш таъкид кардааст, ки то ҳамлаҳои 11 сентябр раҳбарони CIA ва аз ҷумла раиси ин ниҳод Ҷорҷ Тенет як стратегияи муфассали муқовимат ба Усома Бин Лодинро рӯи даст надоштанд.
Дар гузориш Ҳелҷерсон пешниҳод кардааст, ки амалкардҳои Ҷорҷ Тенет, муовини аввали ӯ Ҷим Певит ва раиси бахши зидди терроризм Кофер Блек мавриди таҳқиқи ҷудогона қарор гирад. Вале на раҳбари CIA дар соли 2005-ум Портер Госс ва на раҳбари имрӯзаи Агентии марказии кашфи ИМА Майкл Ҳейден ин пешниҳодро қабул накардаанд.
Ҷои ёдоварист, ки камбудиҳои кори ниҳодҳои қудратӣ дар арафаи ҳамлаҳои террористӣ болои шаҳрҳои Ню-Йорку Вашингтон дар чандин гузориши Конгресси ин кишвар зикр гардидааст, вале ба қавли коршиносон лаҳни гузориши ахир ба қадри кофӣ шадидтар буда, дар он бесалоҳиятии кормандони мушаххас ёдрас мешавад.
Аммо муҳофизони Ҷорҷ Тенет мегӯянд, соли 1998 се сол пеш аз ҳамлаҳо раҳбари CIA дар ёддошти вижа ба унвони Конгресс навишта буд, ки ИМА дар ҳоли ҷанг бо террор аст. Тенет дар паёме навиштааст, ки агар чунин барномаи қавӣ-ҳайкали мубориза бо даҳшатафканӣ вуҷуд намедошт, ниҳодҳои қудратӣ наметавонистанд 15 сентябри соли 2001 барномаи муфассали решакансозии режими Толибон, таъқиби созмони террористии aл-Қоида дар қаламрави Афғонистон ва ҷанг бо террористон дар 92 кишвари оламро ба президенти ИМА матраҳ намоянд.