Ҳафтаномаи русизабони «Факти и комментарии» бо нашри тасовире аз чанд ҷавони тоссари рус ва матлаби муфассале таҳти унвони «Ҳайвоне бо номи муҳоҷир» қатли ваҳшиёнаи як ҷавони тоҷик аз сӯи бегонаситезон дар Русияро маҳкум карда, менависад, ки дар ривоҷу таҷаддуди ҷараёноти неофашистӣ ва нажодпарастӣ дар ин кишвар васоити ахбори умум ва махсусан телевизион нақши бештаре доштаанд.
Зафар Абдуллоев, муаллифи матлаби «Факти и комментарии» навиштааст, ки шабакаи ТНТ-и Русия барномаҳоеро ба мисли «Наша Раша» таҳия ва манзури тамошобин мекунад, ки дар онҳо ошкоро аз афзалияти миллати рус бар дигар миллатҳо ва ҳамзамон коҳилу ғӯл будани ақвому милатҳои дигар таблиғ мешавад.
Аз тарафи дигар, навиштааст муаллиф, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳ дар Русия дар расидагӣ ба иддаъоҳои ақвоми ғайр дар заминаи табъизи милливу нажодӣ бархурди муносиб нишон намедиҳанд ва дар бештари маворид барои муҷримин ҷазоҳои сабук дода мешавад ё ҳатто онҳоро бегуноҳ низ ҳукм мекунанд. Ва ин авомил, ба ақидаи муаллиф, боис мешаванд, ки гурӯҳҳои бегонаситезу нажодпараст шумори худро бештар мекунанд ва даст ба ҷиноёти ваҳшатнок низ мезананд.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» низ дар робита ба ин қазия матлаберо зери сарлавҳаи «Ҷаллодони касбӣ» мунташир карда, менависад, ки барои барангехтани низоъҳои қавмӣ дар Русия сиёсатмадорон ва гоҳе давлатмардони ин кишвар низ боис мешаванд. Нашрия аз қавли Михаил Маргелов, раиси кумита дар Думаи давлатии Русия, ки аз афроди наздик ба Путин муаррифӣ мешавад, навиштааст, ки урфу одоти муҳоҷирин барои мардуми бумӣ бегона аст, ва ин, дар навбати худ, мояи хашму ғазаби нажодпарастон мешавад.
Ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Фараж», ки дар ин шуморааш муассиси худ «Медиа Алянс»-ро бо Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон иваз кардааст, матлаби муфассали қозии пешини мусалмонони кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро таҳти унвони «Масҷид ҳамеша ҳукми масҷидро дорад» ба нашр расонидааст. Оқои Тӯраҷонзода назар ва ҳукми дини исломро бо оёту ҳадис дар робита ба тахриб ва масдуд кардани масоҷид баён карда, таъкид мекунад, ки хароб кардани макони ибодати мусалмонон як амали золимона дониста мешавад ва, бар асоси моддаҳои Қонуни асосии кишвар низ, чунин амал хилофи қонунҳои ҷории кишвар аст.
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «Миллат» дар ростои дидори сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Бишкек як матлаби таҳлилиеро зери унвони «Геополитикаи қарни 21-ро Созмони Шонгҳой муайян мекунад» ба нашр расонида, мақом ва ҷойгоҳи ин созмон ва идомаи ҳузури вай дар саҳнаи сиёсати ҷаҳониро ба баррасӣ гирифтааст.
Муаллифи матлаб дар як муддати кӯтоҳ мақом ва мартабаи сиёсӣ касб кардани ин созмон дар арсаи байнулмилалиро дар равобити хуби Русия ва Чин - ду кишвари аслии ин созмон - арзёбӣ мекунад ва менависад, дар 4 соли ахир 6 тамрини низомӣ доир кардани ин созмон шаҳодати он аст, ки ин созмон дар баробари Паймони Атлантики Шимолӣ қад алам мекунад.
Ба навиштаи ин нашрия, муҳимтарин дастоварди созмон Шонгҳой ин аст, ки ба тадриҷ ба ботил будани тасаввури ҷаҳони якқутбӣ кумак намуда, ба сӯи эҷоди тавозуни геополитикӣ дар фазои Авросиё гом мебардорад.