Ҳамла ба масҷид

Дар ин бора


Бастани масоҷид нишонаи нохубест, ки дар баробари камбудию нуқсонҳои ҷомеа чеҳраи сиёсии Э. Раҳмонро дар ҷомеаи ҷахонӣ доғдор месозад. Муттаассифона ҳарчанд роҳбари давлат пайи ободии Ватан ва расидан ба армонҳои миллӣ гардад ҳам, аммо дар доираи ӯ шахсиятҳое ҳастанд, ки симои аслии онҳо бо гузашти вақт аз пардаҳои ... аён мегарданд.

Зеро монеъ ба фаъолияти масҷидҳо шуданро ҳар шаҳрванди огоҳшуда гиребон медораду тавба менамояд, ки наход хонаи Худоро ҳам.....

Юсуф.
--------------------------------------

Салом ба мубоҳисон!

Ҳукумат ба ин кораш обруи масоҷидро баланд ва нуфузи худро коҳиш медиҳад ва собит месозад, ки намояндаҳояш дар минбарҳои баланд "мо мусалмонем" гуфтанҳи саризабонӣ доранду бас. Як чашм кушоеду бубинед, ки гектарҳои зиёди заминҳои Душанберо фоҳишахонаҳо дар симои билярду дискотекаву дискоклубу намедонам чиҳо фаъолият доранд. Қашшоқии мамлакатро дақиқан сабаб ин аст на чизи дигар.

Мӯъминхоҷа
ш. Душанбе
--------------------------------------
Аслан хуб аст, ки теъдоди ин масҷидҳоро кам мекунанд. Тоҷикистон давлати исломӣ нест, мебахшед рафиқон... Ҳамаи мо мусалмон ҳастем, мо ҳам намоз мегузорем. Одами намозгузор ва ҳалолу покиза дар куҷое набошад, намозашро мегузорад.

Хуб, аст, ки ҳукумати Точикистон пеши роҳи ҳар гуна дасисабозиҳоро гирифта истодааст. Вазири маорифи Тоҷикистон хуб мекунад, ки духтари ҳиҷоббастаи қарни 10 -ро аз донишгоҳҳо меронад. Аслан ба вай ман раҳмат мегӯям. Чаро ки таърих холо фаромуш накардааст, ки барои аз ҳиҷоб дур кардани занҳо миллат чи машаққатҳоро паси сар карда буд. Тоҷикистон давлати дунявист. Ифротгароӣ дар Тоҷикистон хеле авҷ мегирад... Махсусан дар маҳалҳо. Бинед, дар Истаравшан ҷавононро чи қадар саргаранг кардаанд... Фикр мекунам, дар болои муллоҳои ин шаҳр қудратмандон қарор доранд...
Саид
--------------------------------------
Афсӯс, кай мардуми тоҷик воқеъӣ бархӯрд мекунад?
Беҳтар аст, ки ба ҷои масҷидҳои бешумор мактаб, бемористон ва театр бисозед, то насли оянда дониши дунявӣ бигирад, вагарна аз дарси ин муллоҳои бесаводи тундрав ояндаи миллат ба бадбахтӣ дучор мешавад.

Бо дуруд
Анор
--------------------------------------
Оё беҳтар нест, ки ба ҷои вайрон кардани ин масҷидҳо онҳоро ба мадраса табдил кунанд? Ва ба худи ҳамон муллоҳое, ки бидуни дарки кофӣ аз фароизу усули динӣ дар ин масҷидҳо хутбаву мавъиза мехонанд, дарси дину дунёро бидиҳанд?

Худо хушнудтар хоҳад буд, агар «зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯӣ». Ҳам фаровонии масҷидҳо бо муллоҳои камсавод ва ҳам вайрон шудани масоҷид аз сӯи давлати бедониш нишонаҳои бахти шӯри миллати мо дар садаи 21 аст.

Баҳман.
--------------------------------------

МУФТИИ Тоҷикистон чи мегуфта бошад? Бори аввалдида шудааст, ки масҷидҳоро банданду МУФТӢ ва ШӮРОИ УЛАМОИ ИСЛОМӢ хомӯш бошанд! Ҳай-ҳай!!!

Бозор
--------------------------------------
Салому алейкум, ҳамватанони гиромӣ!

Ин амале, ки ҳукумат пеш гирифтааст, бисёр амали хатарнок аст, зеро ин ҳукуматдорони Тоҷикистон ба касе муҳориба доранд, ки ӯ Холиқи худашон аст! Зиди Худо ва Расули Худо ва Қуръони Худо хестанд онҳо!

Ман ба боварии комил ба Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хитоб карда мегӯям, ки аз ин амал боз истанд ва пеши роҳи ин амалро гиранд, зеро Аллоҳи меҳрубон Қаҳҳор ҳам ҳаст, аз Худо тарсанд. Раиси ҷумхур даъво мекунад, ки ман мусалмон ҳастам ва наваду нуҳ фоизи Тоҷикистон мусалмон аст. Оё ҳамин аст мусалмоние, ки духтарони ҳиҷобпӯшро аз донишгоҳ пеш мекунанд ва масҷидҳоро банд мекунанд ва овози азонро манъ мекунанд?!! Ва боз даъво мекунанд, ки мо мусалмон ҳастем! Ин чигуна мусалмонӣ аст? Ба забон гуфтан мусалмонӣ нест! Дар амал бояд кард.Шахсе мусалмон номида намешавад, ки вай шахс бар зидди Худою Расулу Қуръон муҳориба кунаду худаша мусалмон номад.

Ман ба ҳукуматдорони Тоҷикистон савол мекунам, ки оё ба таърих назар намеафкананд, ки пеш аз онҳо чи қадар шохони абарқудрат буд, монанди Фиръавну Намруд, вале зӯри онҳо ба Худо нарасид. Ва дар замони Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)Абӯҷаҳлу Абӯлаҳаб буданд зидди Худову Расул, валекин зӯри онҳо ҳам ба Худо ва Расул нарасид, ва имрӯз зӯри ин ҳукуматдорони Тоҷикистон ва зӯри ин президенти Амрико Ҷорҷ Буш мерасад оё??!!

Ман аз Раиси ҷумхур Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш мекунам, ки пеши роҳи ин корҳоро гирад, чунки ғазаби Аллоҳи таъоло гар биояд, ҳеч касе пеши роҳи Ӯро гирифта наметавонад, ва бояд Раиси ҷумхур бар дини худ ва бар китоби худ пуштибонӣ кунад, зеро даъвои мусалмонӣ мекунад.

Чароғе, ки Эзид барфурӯзад,
Ҳар он кас пуф кунад, ришаш бисӯзад!

Абду Раъуф.
--------------------------------------

Салом ба ҳамватанони муъмину муслим, ки рушди Тоҷикистони азиз ба эътиқоду озодагӣ ва ройи солимашон сахт пайванд аст!
Бидуни шакк, ки бастани ибодатгоҳи мусалмонон гуноҳи азим аст, валекин гуноҳи дигаре ин аст, ки дар ин ибодатгоҳ оё бештар зикри Аллоҳ мекунанд ва ё татбиқи «васвасаҳои шайтонӣ».

Дар Тоҷикистон имрӯз ин қадар мазҳабҳо зиёд шудаанд, ки ба кавли Ҳофиз «Ҷанги ҳафтоду ду миллат»-ро ба хотир меоварад ва худо накунад, ки ин мазоҳиби охируззамон бо истифода аз «озодии виҷдон дар кишвар» мазҳаби суннатии моро харобу насли имрӯзу ояндаи моро бе арзишҳои аслии диниву дунявӣ гузоранд.

Аз ин хотир, ҷои ин ибодатгоҳҳои маҳаллаҳо беҳтар бошад, ки дар шаҳру ноҳияхо биноҳои масоҷид дар шакли суннатӣ ва азамати таърихии худ қомат афрозанд ва фатвову амали муслимин дар кишвар бар асоси шариати куръонӣ ва қарори шӯрои уламои дин ба ҷо оварда шавад.
Барҷост, ки аз суханони Халилуллоҳи Халилӣ ёд оварем:
Хоҳанд, туро банд кунад беҳунаре чанд,
Бар гавҳари ту таъна занад бадгуҳаре чанд,
Хандад ба саропои ту беповусаре чанд,
Даъвои худоӣ зи Худо бехабаре чанд,

МАШНАВ, КИ БУВАД НАЗДИ ХИРАД МОЯИ ОЗОР!

Бо орзуҳои хушиҳои рӯзгори ҳамватанони гиромӣ
ва рушди меҳани азиз,
Шакибо.
--------------------------------------

Аввал набард бо бандагон ва ҳоло бо Худо!
Амон аз дасти Намруд ва лашкариёнаш! Ин давлат ба ҷои ин, ки ба иқтисоди мамлакат расидагӣ кунад, фарҳанг ва дини мардумро нишона гирифта аст.

Агар хеле дар пайи қонунед, мардумро бо барқу газ таъмин намоед!

М.
--------------------------------------

Ба номи Худованди соҳиби Кибриё ва Қудрат.

Тарсед аз он Худое, ки шуморо дар он рӯзи Қиёмат ҷамъ месозад ва ҳама баданҳои одам худ гувоҳӣ медиҳанд ба он корҳое, ки ӯ дар дунё кардаст.

Агар мо 99 дарсад мусалмон бошем, хайр куҷо шуд он имоне, ки даъво дорем. Чаро масҷидҳо ва муқаддасоти исломиро поймол месозем? Ҳар шахсе, ки даст ба ин ҷиноят мезанад, зидди ҳукми Илоҳӣ ва зидди хонаҳои Аллоҳи таоло мехезад, ва Аллоҳи таоло ба ӯ ғазаб мекунад дар ин дунё ва қиёмат.

Ва дар охир инро гуфтаниям, ки ҳар касе, ки масҷидро - хонаи Худоро - мебандад, рӯзи қиёмат ҷаннатро намебинад.

Муъмин
--------------------------------------

Аз Худо мехоҳам, ки дили ҳукуматдорони моро кушояд, то масҷидҳои мо, ки дар онҷо намоз ва дуои ободии ин кишварро мекунем, бо булдозер ва кранҳо вайрон карда нашаванд.

Дигар ҳамин монда буд ё Худо ин ҳаққи моро аз мо мегиранд.

«Кист золимтар аз онки бозмедорад (мусалмононро) аз масҷидҳои Худо ва бозмедорад (мардумро) аз онки дар он номи Худо бурда шавад ва кӯшиши харобии онро мекунад? барои он (масҷидманъкунандагон) хорист дар дунё ва азобест дар охират». (Қуръони карим)

Ва як чизро мехоҳам бигӯям, ки яке аз он шахсоне, ки дар вайрон кардани масҷиде дар пойтахт иштирок дошт, Худо ба сараш бузургтарин мусибате овард, ки то дер боз дар азоб хоҳад монд. Ин аст азоби ӯ дар ин дунё, ва дар охират низ ӯро азоби дардноке интизор аст.

Тири Худо садо надорад, вақте, ки зад, даво надорад.

Илтимос, ин дарди дили мо, нафақахӯрони бесоҳиб аст, чоп кунед.

Бо эҳтиром,
Абдуллоҳи Маҳмуд.
--------------------------------------

Мақомони баландпоя имрӯз дар харосу тарсанд ва намехоҳанд ҳаргиз маҳруми курсиҳошон гарданд. Аз ин рӯ онҳо дар ҳар яке аз самтҳои зиндагии мардуми Тоҷикистон, ки дар ҳоли пешрафт ё афзоиш аст, сукут ва ё маҳви «ҳукумронӣ»-ашонро мебинанд.

Мехоҳам бигӯям, ки зери «самтҳои зиндагӣ» ман тарзи динӣ ва дунявиро дар назар дорам.

Бастан ва ё шикастани масоҷид, ки зарбаи захмине бар зиндагии динии мусалмонони точик мезанад, дар ҳоле сурат мегирад, ки шумори мардуми масҷидрав рӯз то рӯз зиёд мегардад.

Ва ин баёнгари он аст, ки «воломақомон» ин «зиёд»-шавиро барояшон хатаре медонанд. Аз сӯи дигар, мехостам, ки муллоҳо ва имомони масоҷид, ки амри маъруф бар души онон аст, шахсони аз назари Ислом пок, парҳезгор ва соҳиби дониши хуби динӣ бошанд.

Кова.
--------------------------------------

Аз ин ҳукумати худобехабарон, ки бо шиори «нест бод ислом» ба қудрат расида буданд, дигар чиро ҳам интизор шудан мумкин буд?

Аввал занону хоҳарони моро аз сатр манъ карданд, ҳоло масҷидҳоямонро вайрон мекунанд. Чаро?

Мансур,
Маскав.
--------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.