Қурбон Кабудов, муовини мудири пажӯҳишгоҳи физикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, мегӯяд, феълан дар робита ба тахриб ва ғайри қобили истифода гардонидани ягона реактори ҳастии тадқиқотии пажӯҳишгоҳ барномае омода гардида ва ба Бунгоҳи байнулмилаии нерӯи ҳастаӣ пешниҳод шудааст.
Ба гуфтаи оқои Кабудов ҳадафи аслии ин барнома ё тарҳ дарёфти кумаки молӣ ва тахассусии Бунгоҳи байнулмилалии нерӯӣ ҳастаӣ дар робита ба тахриби ин реактор мебошад: «Ин реактор насб карда ва омодаи гузаронидани озмоишҳо буд. Вале пас аз садами Нерӯгоҳи атомии Чернобил вакилони шаҳри Душанбе қарор қабул карданд, ки ин реактор мавриди истифода қарор нагирад. Ва ба дунболи ин мо аз истифодаи реактори атомӣ худдорӣ кардем".
Муовини мудири пажӯҳишгоҳи физикаи Тоҷикистон меафзояд ба дунболи тахриби реактори атомии тадқиқотӣ мо тасмим дорем, дар сурати пайдо кардани сармоя озмоишгоҳи ҷадиде бунёд намуда, дар он ҷиҳати анҷоми озмоишҳои мухталифи ҳастаӣ суръатфизои атомии тадқиқотӣ насб кунем.
Дар ҳамин ҳол, Абдуҷаббор Саломов, муовини раиси Ожонсии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Тоҷикистон, мегӯядт, ки пешниҳоди Пажӯҳишгоҳи физикаи Тоҷикистон дар робита ба тахриби реактори атомӣ феълан аз сӯи Бунгоҳи байнулмилаии нерӯи ҳастаӣ мариди омӯзиш қарор дорад ва ин пажӯҳишгоҳ дар мавриди ба олимони тоҷик ёрӣ расонидан ҳанӯз посухи дақиқ надодааст. Оқои Саломов ҳамзамон таъкид кард, ки феълан ин реактор ба муҳити зист хатари зиёд надорад: «Агар мо барои тахриби реактори атомӣ аз МАГАТЭ кумакеро тақозо дошта бошем, бояд қаблан ба онҳо бо далоили раднопазир равшан намоем, ки ин реактор чи масоил дорад ва ба амнияти аҳолву муҳити зист чи таҳдиде мекунад. Инро бояд мо пешниҳод кунем, на МАГАТЭ. Ва агар мо ин созмонросари ин бовар оварда тавонем, ки тахриби реактори мазкур барои мо зарур аст, пас шояд онҳо дар ин маврид ба Пажӯҳишгоҳи физика кумаки лозимӣ расонанд».
Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Ожонсии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Тоҷикистон дар робита ба тасмими насби суръатфизои атомӣ дар озмоишгоҳи Институти физикаи Фарҳангистони улуми кишвар мегӯяд: «Пажӯҳишгоҳи мо мехоҳад, ки дар ҷои реактори атомӣ - озмоишгоҳ ва дар ин озмоишгоҳ суръатфизои ҳастаии электронӣ бо иқтидори аз 6 то 10 мел насб намоянд. Вале ин суръатфизо гаронқимат буда, ҳудуди 1,5 миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад. Албатта, МАГАТЭ имкони хариду насби онро барои Тоҷикистонро надорад».
Интиҳои солҳои 80-уми қарни гузашта Пажӯҳишгоҳи энержии ҳастаии ба номи Курчатови Русия ба пажӯҳишгоҳи физикаи Тоҷикистон реактори атомии «Аргус»-ро тақдим карда буд. Рекатори мазкур дар қаъри 6-метрии замин насб гардида, бо иллати шурӯъи ҷанги шаҳрванди дар кишвар аз назорат дур ва зери об мондааст. Ба гуфтаи мутахасисони Ожонсии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Тоҷикистон реактори атомии пажӯҳишгоҳ арзиши гарон дорад, вале барои тармиму дубора фаъол сохтани он низ маблағи калоне зарур аст, аз ин рӯ ин пажӯҳишгоҳ хостори насби суръатфизои атомии муосир гашта ва феълан дар ҷустуҷӯи сармоягузорон аст.