Вазорати оби Тоҷикистон сармояи Узбакистонро мехоҳад

Мақомоти Вазорати обу обёрии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар масъалаи тақсими об миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳеҷ мушкил вуҷуд надорад. Камол Нуралиев, муовини аввали вазири обу обёрӣ, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, хабари баъзе аз расонаҳои гурӯҳӣ сари ин мавзӯъ, ки гӯиё миёни ин ду кишвар дар масъалаи тақсими оби нӯшиданӣ ва манъи бунёди нерӯгоҳҳо дар қаламрави Тоҷикистон, ки боиси таҳвили камтари об ба Узбакистон мешудааст, асос надорад. Ба гуфтаи оқои Нуралиев, Тоҷикистон барои нигаҳдории об дар қаламрави худ мавзеъи муносиб надорад ва наметавонад пеши роҳи оби рӯдхонаҳои ҷорӣ ба Узбакистонро боздорад. Вай афзуд, Тоҷикистон ягон қатра обашро ба Узбакистон намефурӯшад, балки ройгон аст. Ва аммо оқои Нуралиев гуфт, соҳилбандӣ нашудани рӯдхонаҳо дар Тоҷикистон боис ба камшавии об гардида ва зимнан Узбакистон камтар аз интизор об хоҳад гирифт:

«Сатҳи оби дарёи Панҷ вақти обхезиҳо аз соҳилҳо берун рафта ва ба чандин миллион метри квадратӣ пахш мешавад. Зимнан то 17,5 миллиард куб об хориҷ ва филтратсия мешавад, бухор мегардад ё зери замин меравад. Агар аз тарафи Узбакистон ва бо ҷалби сармояи кишварҳои Осиёи Марказӣ соҳилҳои дарёи Панҷро аз ду ҷониби сарҳад мустаҳкам кунем, об нисбат ба имрӯз зиёдтар мешавад. Масалан мо ба води Фарғона 28 куб об равон мекунем, аммо вақти ба марзи Узбакистон расидан, ба 18 куб мерасад. Дар фосилаи 17 километр 10 куб об кам меравад, бинобар ин ки соҳилҳо баста нашудаанд. Ҳоло бинед, ки 500-1000 километр тӯл дорад дарёҳо ва исрофи об даҳҳо баробар афзун мешавад».

Ба гуфтаи муовини вазири обу обёрии Тоҷикистон, давлати Узбакистон низ барои соҳилбандии рӯдхонаҳои ин кишвар бояд манфиатдор бошад, чун бо анҷоми ин кор камбуди оби нӯшокӣ то андозае ҳал мешавад. Оқои Нуралиев афзуд, аммо Узбакистон барои соҳилбандии рӯдхонаҳо, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, пул намедиҳад ва худи Тоҷикистон барои анҷоми соҳилбандӣ дар соли ҷорӣ беш аз ним миллион сомонӣ масраф кардааст. Бонки Осиёии Рушд низ се миллиону дусад ҳазор доллари амрикоӣ барои соҳилбандии рӯди Панҷ дар ноҳияи Ҳамадонӣ қарз ихтисос додааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Узбакистон авоили соли равон бо нигаронӣ аз сохтмони нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон изҳор карда буданд, ки бастани роҳи дарёҳо ва захира кардани об метавонад боиси вайрон шудани муҳити зист гардад ва ба рушди кишоварзӣ ва шароити зиндагии аҳолии кишварҳои минтақа таъсири манфӣ расонад.

Мақомоти Тоҷикистон дар навбати худ ин иддаоро рад мекунанд.