Тарафдорони ҳизби ҳокими Адолат ва Тараққии Туркия баъд аз хабари пирӯзияшон дар интихоботи порлумонӣ ба таҷлили ин ғалаба сар кардаанд. Бо муроҷиат ба садҳо нафар аз онҳо дар маркази Анкара, пойтахти Туркия, сарвазир Раҷаб Тойиб Эрдуғон ваъда дод, ки ба ваҳдати миллӣ ва идомаи ислоҳоти иқтисодию демократӣ талош хоҳад кард.
Ҳизби исломиреша ё рӯбаисломи Эрдуғон дар ин сабқат ба пирӯзии чашмгир расид дар муқобили аҳзоби дигар, аз ҷумла аҳзоби рақибаш -- Ҳизби мардумии ҷумҳурихоҳ, ки аз миллатгароёни марказу дастичапӣ таркиб ёфтааст ва Ҳизби ҷумбиши миллии ростгароёни ифротӣ. Ин аҳзоб дар муқобили ҳизби Эрдуғон, як шиъор доранд, ки аз низоми дунявӣ ё лоики Туркия ва мероси нахустпрезиденти Туркия Камол Отатурк ҳимоят мекунанд. Далели онҳо зидди ҳизби Адолат ва Тараққии Эрдуғон ин аст, ки чун ҳизби мазкур бар пояи аҳзоби манъшудаи исломгаро бунёд ёфтааст ва рӯҳи исломгарои он намудор аст, боқӣ мондани он дар саҳнаи сиёсӣ хатарест ба низоми дунявии Туркия.
Ва як ҳизби, ба истилоҳ, номнависнашудаи қавӣ мавҷуд аст, ки ин ҳарбиёни Туркия ҳастанд, генералҳое, ки фикр мекунанд, қудрати ҳақиқӣ дар дасти онҳост... Ин қавитарин ҳизб худро масъули ҳифзи низоми лоики Туркия медонад ва борҳову борҳо аҳзоберо, ки рӯҳи исломгаро доштанд, аз саҳна берун рондааст.
Аммо Абдулло Гул, вазири корҳои берунаи Туркия ва номзади нокоми ҳизб ба мақоми раёсатҷумҳурӣ, имрӯз гуфт, таҳдиди ҳарбиён, ки дар ҳолати зарурӣ ба майдон хоҳанд омад ва тартибро ҳимоя хоҳанд кард, ин бор баръакс ба ҳизби Адолат ва Тараққӣ кӯмак кардааст, зеро ба гуфтаи Гул, интихобкунандагон аз талошҳои дахолати ҳарбиён ба сиёсат хашмгинанд ва ба рағми онҳо амал мекунанд. Аҷиб аст, ки эрдуғониҳо ба пирӯзии худ боварии комил доштанд ва худи Эрдуғон 30 соат пеш аз овоздиҳӣ гуфт, "иншоаллоҳ, мардуми Туркия бо онҳо хоҳанд буд."
Ҳамсари ҷаноби Гул бо сарбанд ё рӯсарӣ ба интихобот омада буд. Ва ин саҳна борҳову борҳо дар телевизионҳои Туркия намоиш дода шуд, мисли ишора ба ин ки пирӯзии исломирешаҳо занонро ҳиҷобпӯш хоҳад кард. Аммо хабарнигори маҷаллаи инглисии "Экономист", хонуми Омберин Замон ба мо дар ин бора гуфт, "аҷобати кор ин аст, ки маҳз ҳамин ҳизбе, ки онро айбдор мекунанд, кишварро ба ақиб, ба қуруни вусто ё асрҳои миёна мебарад, ҳамаро ҳиҷобпӯш мекунад, дар амал ниҳоди асосии пешрафту рушд шуд, дар ҳоле ки ҳизби ҷумҳурихоҳони таъсисдодаи Отатурк ҳоло ба мухолифи дигаргуниҳо табдил ёфтааст. Ва тазоди ҳаракати камолистҳо ин аст, ки ҳарчанд тавонистанд, ҷомеаи туркиро дар солҳои сиюм бакуллӣ тағйир диҳанд, дар тағйир додани хештан ва ҳамқадамӣ бо замона, кӯтоҳ омаданд."
Эрдуғон бо таҷлили пирӯзии ҳизбаш гуфт, Туркия талошҳои вуруд ба Иттиҳоди Аврупоро тақвият хоҳад дод.
Навигарии дигари интихоботи таърихии Туркия ин ҳам ҳаст, ки шояд аввалин бор дар натиҷаи он дар порлумони Туркия ҷиноҳи қонунгузорони курд таъсис ёбад, зеро тибқи хабарҳо чанд вакили курд низ ғолиб омада, чунин нақшаи худро баён доштанд.