Курсии Ивановро ба Соболев доданд

Владимир Путин – раисиҷумҳури Русия яке аз собиқадорони хадамоти амниятӣ Валентин Соболевро кафили Дабири Шӯрои амнияти Русия таъин кард.


Аз ин пеш ӯ аризаи истеъфои Дабири пешини Шӯрои амният Игор Ивановро имзо карда буд.


Валентин Соболев аз соли 1999 ба ин сӯ дар маснади муовини Дабири Шӯрои амнияти Русия фаъолият мекард.