Ҳушдори Амрико аз ҳамалоти нави террористӣ

Низомиёни Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, зарбаи ҷавобӣ ва намоишкоронаи созмони террористии ал- Қоидаро ба думболи фаъолиятҳои такондиҳандаи зидди ин шабака дар Ироқ пешбинӣ мекунанд.


Генерали аршад Кевин Бернер гуфт, дар моҳҳои май ва июн дар Ироқ 26 раҳбари ал- Қоида кушта ва ё боздошт шуданд.


Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки Вазорати умури дохилии Ироқ гуфтааст, як мошинро бо 200 камарбанди мунфаҷиршавандагони худкуш кашф ва мусодира кардааст. Ин мошин аз Сурия вориди Ироқ шудааст.