Байни мардум овозаҳое буд, ки дар як мавзеи ноҳияи Турсунзода қабри дастаҷамъии наздик ба 200 қурбонии ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97-и Тоҷикистон мавҷуд аст. Бисёриҳо инро як воҳимаи давраи ҷанг мепиндоштанд, аммо пажӯҳиши кӯчаки Радиои Озодӣ нишон дод, ки воқеан дар мавзеи Гала-Ботури Регар ду гӯри дастаҷамъӣ мавҷуд буда, дар яке аз онҳо 68 ва дар дигаре беш аз 50 ҷасад хобидааст. Ба қавли сокинони мавзеъҳои атрофи ин қабрҳо, шумораи умумии ҷасадҳо то ба 200 нафар расад.
Дар ҳар кишваре, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, пас аз як ё ду даҳа феҳрасти қурбониёни даргириҳо, шароити қатл ва ҷойи дафни онҳо тартиб дода мешавад. Ин ҷасадҳоро ташхиси ДНК ва ҳувияти онҳоро шиносоӣ мекунанд. Қабрҳои дастҷамъӣ ба макони зиёрат ва омурзиш табдил меёбанд ва пайкараву муҷассамаҳои ёдгорӣ ба ҳушдор аз такрори рӯзҳои талху хунин. Аммо дар Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, аз он рӯзҳо ёд накунанд. Биноан, дар ин ҷо на феҳрасти қурбониён мавҷуд аст, на мазори онҳо ва на осорхонаи ҷанги бародаркуш. Аммо қабрҳои дастаҷамъона ҳастанд. На танҳо дар ноҳияи Турсунзода, балки, бино ба гуфтаи сокинон, ҳамчунин дар Панҷ, Шаҳритус, Ҳисор, Сарбанд, Бохтар ва маҳалҳои дигари Тоҷикистон.
Тасмим ин шуд, ки яке аз ин овозаҳо озмуда шавад. Вақте ки мо ба мавзеи Гала Ботури ноҳияи Турсунзода омадем, аввалин касоне, ки вохӯрдем -- се зани солхӯрда розӣ шуданд, моро то назди гӯрҳои дастҷамъӣ раҳнамоӣ кунанд. Ҳамон тавре ки дидем, рӯйи ду қабри бузург бо ҳарфҳои сиёҳ ному насаби афроде навишта шудааст, ки дар он қабрҳо хобидаанд. Ба қавли сокинони ин мавзеъ, тобистони соли 1993 бар асари гандидани ҷасадҳо ва рӯйи замин мушоҳида шудани хун мардум огоҳ шуданд, ки зери замини ба таври махсус тахту ҳамворшуда асроре ниҳон аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пас аз боз кардани як қисми замин сокинони ин мавзеъ ба мавҷудияти қабри дастаҷамъӣ бовар ҳосил карданд. Калонбӣ Ҳилолова, раиси Шӯрои занони деҳаи Гала-Ботур, ки дар он солҳо ду фарзанд ва шавҳарашро аз даст додааст, гуфт: «Ҳамроҳ бо се зани миёнасол ба ҳамон мавзеи қабр рафтем, ҳамвор буд қаблан ин замин, аммо ин дафъа дидем, ки як дашти дароз кафидагӣ, хун баромадааст, рӯшан намоён аст. Яке аз занҳо ба ман гуфт, ки ана мардони деҳаи шумо ҳама ҳамин ҷо гӯр шудаанд. Ҳарчанд бовар намекардам, аммо баъдан маълум шуд, ки айнан ҳамдеҳаҳо ва ҷигарбандони худам ҳам зери ҳамин хоканд. Бисёр сӯхтам, гиристам, аммо чӣ илоҷ? Аммо мӯйсафедон гуфтанд, ки онҳо шаҳиданд, хунашон ба ҳам оғуштааст, аз ин рӯ нахостанд, ки ҷасади онҳоро берун кашанд, то рӯҳашон нороҳат шавад.»
Тавре сокинони ин минтақа мегӯянд ва бо чашмони худ дидаанд, ин ҳодиса 9-уми декабри соли 1992, пас аз ба сари қудрат омадани ҳукумати конститутсионӣ, аз сӯйи гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷабҳа ё фронти халқӣ сар задааст. Танҳо аз мавзеъи Гала-Ботур 185 марди аз 12 то 90-сола кушта шуда ва анқариб ҳар як хонаводаи ин деҳа аз азизи худ маҳрум шуд. Сайноз Маҳмадоваи 65-сола, ки ҳоло сарпарасте надорад, мегӯяд, шавҳар ва чаҳор писарашро силоҳбадастон ба қатл расонидаанд: «Ҳамон рӯз ёдам ҳаст, ки мо занҳоро бурда дар масҷид маҳкам карданд, гирдогирди масҷид хатти барқро кашиданд, то мо натавонем берун шавем аз он. Маҳалларо иҳота карда, аз ҳар хона мардону ҷавононро аз 10-сола то 90-соларо боздошт карданд, иҷборан онҳоро ба мошини КАМАЗ савор карданд ва ба самти номаълум бурдан онҳоро. Мо модарон, ҳамсарон, хоҳарон доду фиғон бардоштем, аммо беасар. Силоҳбадастон гуфтанд, ҳеҷ коре аз дастатон намеояд. Ман дигар бо се келинаму шумори зиёди набераҳоям танҳо ва бесаробон мондем. Ҳоло танҳо як набераам ҳаст, ки ҳамон ҳам дар Русия мебошад, мардикорӣ мекунад. Дар деҳаи мо қариб якуним ҳазор нафар зиндагӣ мекунад, вазъи иҷтимоии ҳар хонавода ҳам ҳанӯз мушкил аст. Ҳарчи ки ба ҳар оилаи бесаробон ба сари ҳар як нафар як сотих замини президентӣ додаанд, дар ин замин кор карда рӯз мебинем».
Пирамарди кӯҳансолтарини деҳаи Гала-Ботур Амриддин Аҳмадови 83-сола мегӯяд, ҳадафи гурӯҳҳои худсари силоҳбадаст аз қатли наздики 200 сокини ин деҳа хусумат, қасдгирӣ ва авбошӣ будааст: «Ду духтарамро пас аз он ки муқобилат нишон доданд, силоҳбадастон куштанд, писари чаҳордаҳсола ва набераи 10-солаамро ҳамроҳ бо мардони дигар бурданд. Ҳамон шаб ҳамин ҷо будам, аммо баъдан гурехтам ба Узбакистон. Бекор бурданд мардони 17-18 қишлоқи тоҷикнишин, ҳамашона бурда, куштанд. Касе тавонист, гурехт. Чизу чораи мардума бурданд, ғорат карданд, чизе намонд дар манзилҳои мо».
Аз ин ҳодиса то кунун 15 сол мегузарад, аммо сокинони ин минтақа аз бими ҷони худ ба ҳеҷ кадом мақомоти расмӣ ё давлатӣ муроҷиат накардаанд, илло дар соли 1998 гурӯҳи занони солхӯрда ба Кумиссиюни оштии миллии пешин дар ин масъала шикоят кардаанд. Ба қавли баъзе аз аъзои Кумиссиюни Оштии Миллии пешин, як ҳайати корӣ ҷиҳати шиносоии қабрҳо таъсис ёфта буд, аммо бо сабабҳои номаълум ин гурӯҳ натавонист, кори худро пеш барад.
Вақте ки мо ба додситонии шаҳри Турсунзода омадем, дар расидагӣ ба ҳамин суоли мо додситон Искандаршо Мирзоев гуфт, аз замони рух додани ин ҳодиса то кунун се додситон иваз шудааст. Аммо беш аз 150 парвандаи ҷиноии марбут ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ то ҳанӯз таҳқиқ нашудаанд. Дар ҳамин ҳол мо бо мақомоти масъули давлатӣ низ тамос гирифтем, аммо онҳо роҷеъ ба суоли мо дар робита ба масъалаи қабрҳои дастаҷамъӣ дар ноҳияи Турсунзода посух надоданд ва изҳори бехабарӣ карданд.