Барои мусофирони 1500 то 2 000 соли пеш, ки таввасути биёбонҳое, ки ҳарорат дар онҷо то 50 дараҷа мерасид, сафар мекарданд, Нисо шояд шаҳри биҳиштиро мемонд. Аммо имрӯз аз он шаҳр, ки 18 километр аз Ашқобод дуртар ҷойгир шудааст, танҳо деворҳои хароб ва сутунҳо боқӣ мондаанд. Френсис Чилд намояндаи муассисаи Илм ва фарҳанги Созмони Милал -- ЮНЕСКО доир ба аҳамияти шаҳри Нисо чунин мегӯяд:
"Ин як макони таърихӣ ва бостонии дорои аҳамияти бисёр бузург аст. Империяи Портҳо яке аз таммадунҳои пурқудрат ва бонуфузи ҷаҳони бостонӣ ба шумор мерафт ва шаҳри Нисо мероси садаи сеюми то милод аст. Империяи Портҳо рақиби империяи Рум буд. Портҳо аз бузургтарин таммадунҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, ки на танҳо мероси шарқу ғарб, балки шимолу ҷанубро низ дар худ доштаанд. "
Дар усули меъмории шаҳри Нисо таъсири ҳунари маҳаллӣ ва ҳамчунин усули меъмории румиҳову бохтариҳо мушоҳида мешавад. Ин минтақаи хушк аст ва иқлими гарм мусоидат кардааст, то боқимондаҳои шаҳри Нисо бисёр хуб ҳифз шаванд. Френсис Чилд мегӯяд, ҳамаи ин сабаби ворид кардани шаҳри Нисо ба Феҳрасти мероси фарҳанги ҷаҳон шудааст.
"Тамомият, вижагии он макон ва манзараи атроф, ва чанд сабаби дигар маънии онро дорад, ки воқеан ин макон макони барҷастае на танҳо барои Осиёи Марказӣ балки барои ҷаҳон аст, ки барои ворид кардан ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии фарҳангӣ мувофиқ мебошад."
Бостоншиносони шӯравӣ дар солҳои 1945 то солҳои 60-ум дар Нисо ҳафриёт анҷом дода буданд, вале ҳафриёти ҷиддӣ дар ин маҳал пас аз солҳои 1990 баъди омадани гуруҳи бостоншиносои Донишгоҳи Турини Итолиё шуруъ шуд.
Пазируфтани Нисо ба ҳайси мероси ҷаҳонии фарҳангӣ метавонад дар ҳалли масъалаи дуздӣ аз ин макони бостонӣ кӯмак кунад. Тавре бо Садди бузурги Чинӣ шуда буд, бисёре аз сокинони наздики ин маҳал сангҳои харобаҳои шаҳри Нисоро барои бунёди хонаҳо мебаранд. Ва дигар ин ки ворид кардани Нисо ба феҳраст имкон медиҳад, то Туркманистон барои ҳифзи беҳтари он аз ЮНЕСКО кумаки молӣ бигирад.