Боздошти 5 тоҷикистонӣ дар Покистон

Дар марзи Эрону Покистон панҷ шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки, ба гуфтаи мақомоти амниятии Покистон, узви созмони «ал-Қоъида» ва як гурӯҳи ифтротгарои Тоҷикистонанд.


Дар ҳоле ки ному насаби онҳо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. бархе аз таҳлилгарону коршиносони сиёсӣ гуфтаанд, аъзои «ал-Қоъида» будани ин шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз мушаххас нест.