Оре, оре, Андӣ боз дар Душанбе!

Фирӯзаи Мухтор Нимаи дувуми рӯзи ҷумъаи 22-июн ҳунарманди машҳури эронӣ Андӣ бо як сафари ҳунарӣ вориди шаҳри Душанбе -пойтахти Тоҷикистон шуд.
Сафари Андӣ ба Тоҷикистон бо кӯмаку дастгирии «Ориёнбонк» ва ширкати «Шмах сутар» сурат гирифтааст. Овозхони шинохтаи эронӣ, ки дар Тоҷикистон маҳбубияти беандоза ва мухлисони зиёд дорад, нахустин консерти худро дар бинои Амфитеатри шаҳри Душанбе фардо 23- июн баргузор мекунад. Дар ҷараёни консерти Андӣ мухлисони тоҷики ӯ 12 таронаи нави Андӣ ва таронаҳои қадимии ӯро хоҳанд шунид, ки дар байни мардум машҳур мебошанд. Яке аз таронаҳои наваш бо номи "хушгилон бояд бирақсанд,аст, ки ба бовари овозхон ҳатман писанди мухлисон хоҳад буд. Андӣ чанде қабл фоҷиаи мудҳишро пушти сар намуд ва модари азизашро аз даст дод. Аммо бо вуҷуди ин шод аст,ки ба сарзамини точикон омадааст ва дубора дили мухлисони худро шод мекунад.

Андӣ ҳануз 29 сол қабл, замони инқилоби исломии Эрон аз ин кишвар ба Амрико фирор кард. Ӯ мегӯяд дар фаъолияти эҷодӣ 13 албом таьлиф кардаасту,ҷадидтарини онҳо ин «Ҷодаи абрешим» аст.Ин албом баъди сафари ӯ ба кишварҳои осиёӣ таълиф шуда ва ба хотири Самарқанду Бухоро номгузорӣ шудааст.
Сафари Андӣ дар Тоҷикистон ду рӯз идома мекунад ва ҳар ду консерт ҳам дар Душанбе баргузор мешаванд.