- Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи гуштии миллӣ барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди устоди варзида Асо Муҳиддинов ва 10-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Ҷиргатол баргузор шуд.
Саркотиби ин мусобиқа Сарахон Эмомов ба радиои Озодӣ гуфт: "Дар ин мусобиқа, ки барои дуввумин бор барои гиромидошти хотираи гуштигири маъруфи тоҷик баргузор шуд, беш аз 80 нафар гуштигирон аз навоҳии Нуробод, Рашт, Тавилдара, Ҷиргатол, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат карданд. Мусобиқаи мазкур бо ибтикори ҳукумати ноҳияи Ҷиргатол ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар доир гардид."
Дар рақобатҳои инфиродӣ паҳлавонони шаҳри Душанбе - Аюбҷон Маллаев дар вазни 55 кило, Ҷаҳоншо Алиев дар вазни 75 кило, Ҷаҳоншо Сафаров дар вазни 80 кило ва Абубакр Раҳмонов дар вазни 95 кило мақоми аввалро касб карданд. Гуштигирони минтақаи Кӯлоб - Ҷамшед Халилов дар вазни 60 кило ва Сафархон Мирзоев дар вазни 70 кило ғолиб шуданд. Насим Абдусаломов, аз ноҳияи Ҷиргатол дар вазни 65 кило ва Раҳматшо Амонов, аз ноҳияи Тоҷикобод дар вазни 86 кило пирӯзӣ ба даст оварданд. Одил Абдусаломов, паҳлавони ноҳияи Ҷиргатол байни 20 нафар муддаъиён ба унвони қаҳрамони мутлақи мусобиқа даст ёфт.
Нарзуллоҳи Латиф